Мақсад: Таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти хушсифат

Дар Паёми навбатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон доштанд.

Дар ин раванд ташкил ва ба фаъолият оғоз намудани корхонаҳои хурду бузург дар кишвар рӯз аз рӯз зиёд гардида, инчунин сокинони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардида истодаанд. Чунин як иқдоми саривақтиро соҳибкори ватанӣ Алиҷон Раҳматов пеш гирифта, дар ноҳияи Спитамен корхонаи коркарди равғанро таъсис дод, ки имрӯз фаъолияташро хуб ба роҳ мондааст. Ҷоиз ба зикр аст, ки дар ноҳия корхонаи нави истеҳсоли равған дар назди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “25 - солагии Истиқлолият” ба фаъолият шуруъ намуд, ки дар ифтитоҳи он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд.

Ташкили чунин як корхонаи ба талаботи замон ҷавобгӯ саривақтӣ буда, аз тарафи дигар бошад, барои таъмини бозорҳои дохилии кишвар бо маҳсулоти босифати ватанӣ мусоидат хоҳад кард. Зеро равғани истеҳсолгардида, аз маҳсулоти сирф маҳаллӣ буда, аз ҷиҳати экологӣ безарар ҳисобида мешавад.

Бино ба гуфти директори ҶДММ «25 – солагии Истиқлолият» Алиҷон Раҳматов коргоҳи мазкур, метавонад дар як шабонарӯз 65 тонна маҳсулоти хоми ватаниро коркард намояд. Иқтидори солонааш бошад, беш аз 20 ҳазор тонна пахтаро дар бар мегирад. Алҳол дар коргоҳ 16 нафар сокинони маҳаллӣ дар ду баст, бо ҷойи кори доимӣ ва шароити хуби корӣ таъмин гардидаанд. Инчунин, дар оянда дар нақша ҳаст, ки сафи коргарон то ба 25 нафар расонида шавад.

- Дар ин ҷо аз ашёи хоми зағер, рапс, офтобпараст, сиёҳдона ва чигит равған истеҳсол карда мешавад, ки маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба шумор меравад. Алҳол танҳо коркарди чигит ва кунҷора ба роҳ монда шудаасту халос. Дар ояндаи наздик мо коркарди дигар маҳсулотро низ ба роҳ мемонем. Хати истеҳсоли равған аз дегҳои бухорӣ, сехи равғантозакунӣ ва бастубанд иборат мебошад, - мегӯянд масъулин. Равғани босифати растанӣ, ки дар зарфҳои аз 2 то 5 литра ҷой дода шудааст, алҳол ба бозорҳои ноҳияи Спитамен ва шаҳри Хуҷанд ба фурӯш бароварда мешаванд. Дар дегҳои равғаннигоҳдории корхона беш аз 70 тонна маҳсулот мавҷуд буда, рӯзҳои наздик бо номи равғани «Холис» ба фурӯш бароварда мешавад, - иброз намуд Алиҷон Раҳматов

Ҳангоми боздид маълум гардид, ки таҷҳизоти корхона замонавӣ буда, он аз ширкатҳои пешрафтаи Федератсияи Русияву Чин ворид шудааст. Маҳсулоти хомро бошад, коргоҳ аз хоҷагиҳои пахтакори шаҳру ноҳияҳои вилоят тариқи шартнома дастрас намуда, коркард менамояд.

- Имрӯз мо хурсанд аз он ҳастем, ки соҳиби ҷои кор дар Ватан ва назди хонаводаи худ зисту зиндагонӣ дорем. Миннатдории худро ба ташкилкунандаи корхона мерасонам. Таҷҳизотҳо бошанд, замонавӣ буда, машаққати зиёдро талаб намекунад. Музди маошамон хуб ва онро сари вақт мегирем, - гуфт зимни суҳбат корманди корхонаи мазкур Ворис Ҳайдаров.

Убайдулло Рустамов - сокини ноҳияи Спитамен низ аз ташкили чунин як корхона хеле хушҳол буда, миннатдориашро ба Пешвои миллат баён дошт. Имрӯз соҳибкорони ватанӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо корхонаҳои хурду бузург сохта, ба истифода дода истодаанд, ки мо сокинон бе ягон муаммо дар ин корхонаҳо кору фаъолият мебарем.

Ҳадафи асосии роҳбарияти корхона ба бунёд ва ба истифода додани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва бо ин васила ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ равона шудааст.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
Истамҷони НАҶМИДДИН,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh