Намаки «Экстра» чаро аз истеҳсол бозмонд?

Фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ дар рушди иқтисодии кишвар нақши муҳим доранд, зеро афзудани ҳаҷми истеҳсолот ба беҳтар шудани некуаҳволии мардум боис мегардад. Бо мақсади ошноӣ бо фаъолияти коргоҳ мо ба заводи Ҷамъияти саҳҳоми кушодаи «Намаки Ашт» рафтем.

Ба гуфти муовини директори генералии ҶСК «Намаки Ашт» Ҷамшед Ёрматов дар семоҳаи соли 2019 - ум дар маҷмӯъ қариб 290 тонна намаки техникӣ содирот шудааст, ки аз он 142 тонна ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва 144,9 тонна ба Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад. Ин нишондод нисбат ба семоҳаи соли 2018 - ум 167 тонна зиёд аст.

Дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Намаки Ашт» хатти истеҳсоли намаки «Экстра» бо иқтидори барориши 100 тонна намак дар як шабонарӯз фаъолият дошт. Мутаассифона, айни ҳол он аз фаъолият бозмондааст. Чаро? Сабабҳои фаъолият накардани ин хатти нави истеҳсолиро Зиёмиддин Равзалиев, сардори хоҷагии ёрирасон чунин шарҳ дод:

- Ин коргоҳ дар ҳамкорӣ бо мутахассисони чинӣ сохта шуда, баъди фаъолият хароҷот рӯйпӯш нашуд. Соли равон масъалаи нарасидани нерӯи барқ пеш омад. Таъминот бо барқ яке аз масъалаҳои муҳим мебошад. Барои мисол, агар як бор барқ ба муддати ним соат хомӯш шавад, намак дар дегҳои намактайёркунӣ сахт мешавад. Лозим меояд, ки намаки шахшударо бо оби ширин шуста партофта, аз нав ба дегҳо оби шӯр пур намуда, ҷараёни корӣ аз аввал оғоз ёбад. Дар ин сурат хароҷоти истеҳсолот меафзояд. Лекин талабот барои намаки «Экстра» зиёд аст.

Ҳарчанд мутасаддиёни соҳа ба сохторҳои дахлдор оид ба ин масъала борҳо тариқи хаттӣ муроҷиат намуда бошанд, ҳам аммо то ҳол натиҷае ба даст наомадааст.

Имрӯзҳо Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Намаки Ашт» маҳсулоти худро фақат бо роҳи йодноккунӣ ва дар халтачаҳои махсус истеҳсол намуда, ба фурӯш мебарорад. Маҳсулоти коргоҳ ба талаботи стандарти давлатӣ ҷавобгӯ мебошад.

«Намаки Ашт» то соли 2015 - ум дар озмунҳо ва намоишҳои ҷумҳуриявӣ ва хориҷи кишвар ҳамчун маҳсулоти беҳтарини сол эътироф гардидааст. Айни ҳол бино ба гуфти кормандони ҷамъият асосан ба сифати маҳсулот аҳамияти аввалиндараҷа дода, барои таъминоти аҳолӣ намаки йодкардашударо пешкаш мекунанд.

Ҳангоми азназаргузаронии бозорҳо, марказҳои савдо ва мағозаҳои шаҳру навоҳӣ, мо бештар маҳсулоти Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Намаки Ашт», аз ҷумла намаки оширо дидем. Дар ин раванд зимни суҳбат бо мардум дар бобати сифати намак пурсон шудем:

- Ман ба оилаи худам ҳангоми харидории намак ба халтачаи он ҳатман аҳамият дода, танҳо намаки йодноккардашударо харидорӣ мекунам. Инчунин, ба хешовандонам низ намаки йодкардашударо тавсия медиҳам, чунки он манфиати бештар дорад, - гуфт дар суҳбат Сурайё Тоштемирова, соҳибхоназан.

Донишҷӯи соли аввали Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Аҳмадҷони Толиб гуфт, ки ба харидории намак он қадар ҷиддӣ муносибат намекунад.

Мудири шуъбаи Маркази клиникавии эндокринологии вилояти Суғд Муродҷон Норматов бар он назар аст, ки аҳолӣ, алалхусус занону кӯдакон ҳатман бояд намаки йодкардашударо истеъмол намоянд, зеро он дар организм элементи йодро таъмин намуда, аз бисёр бемориҳо эмин медорад.

Аз пурсишҳо аён мегардад, ки аҳолӣ ба харидани намак, бахусус намаки йодкардашуда аҳамият медиҳанд ва манфиатовар будани онро дарк намудаанд. Аз ин лиҳоз, масъулини соҳаи истеҳсоли намакро зарур аст, ки ба масъалаҳои ҷории коргоҳ ва истеҳсоли навъҳои наву рақобатпазир таваҷҷуҳи хоса диҳанд. Дар ин самт ворид намудани технологияи нав дар истеҳсолот, ки тавассути он бо харҷи кам натиҷаи баланд ба даст оварда мешавад, ба манфиати кор аст.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh