Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Зафаробод

23 – юми апрели соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода барои аз наздик шинос шудан бо рафти омодагӣ ба мавсими нави обрасонӣ ва ҳамчунин оғози корҳои саҳроӣ ба ноҳияи Зафаробод ташриф овард. Аён аст, ки беш аз 90 фоизи заминҳои ноҳия тариқи пойгоҳҳо обёрӣ карда мешаванд. Яъне татбиқи босифати корҳои омодагӣ ба мавсим дар ҳамаи 11 пойгоҳ, 8 дастгоҳи обкашиву обтаъминкунӣ муҳим буда, 32 ҳазор гектар замини Зафаробод ва қисман заминҳои ноҳияи Деваштичу шаҳри Истаравшан аз кори борабти чунин иншоот вобастагӣ доранд.

Сараввал Раиси вилоят аз омодагӣ ва сатҳу сифати таъмиру тармими пойгоҳи ҷорӣ намудани обкашии “Мирзочӯл - 1” шинос гардид ва бо ҷорӣ намудани об мавсими имсоларо ифтитоҳ намуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки пойгоҳи обкашии «Мирзочӯл - 1» соли 1961 сохта шуда, пас аз як сол ба фаъолият пурра шурӯъ намудааст. Солҳои охир аксар шабакаву дастгоҳҳои обкашӣ дар самти обрасонӣ муаммои зиёдеро пеш овард. Пойгоҳи обкашии мазкур аз 6 дастгоҳи пурфишори ба баландии 90 метр обрасонанда иборат буда, ҳар як дастгоҳ 6 мукааб об мекашад.

Дастгоҳи обкашӣ ин миқдор обро ба пойгоҳи обкашии “Мирзочӯл - 2” равона месозад, ки тӯли фаъолияти чандинсола кӯҳнаву фарсуда шуда буд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойгоҳ ва 6 дастгоҳи обкашӣ бо иқтидори умумии 48000 кВт ба кор андохта шуд.

Ин кӯмаку дастгирии Ҳукумати кишвар ва роҳбарияти вилоятро масъулини Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия басо саривақтиву шоиста арзёбӣ намуда, дар навбати худ изҳор доштанд, ки боз ҳам дар самти беҳтар намудани фаъолият ва ободонии ноҳия шоиста меҳнат мекунанд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ аз сатҳу сифати кори ба сомон расида изҳори қаноатмандӣ карда, ба роҳбарияти ноҳия ва масъулини обрасонӣ бобати таъмири бинои пойгоҳ, чароғонкунии дохилу гирду атрофи он, пардохти музди маоши мутахассисон ва аз ҳисоби ҷавонон омода намудани кадрҳои соҳибтахассус, ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони оби ноҳия дастуру супоришҳо дод.

Сардори Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ дар ноҳия Ибодулло Мансуров изҳор дошт, ки соли гузашта барои Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об беш аз 387 миллион метри мукааб об расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин даври соли 2017 - ум 54 миллион мукааб зиёд буда, 104 фоизро ташкил медиҳад.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни ташрифи хеш ба ноҳия барои беҳтар шудани вазъи обрасонӣ, омодагӣ ба фасли тирамоҳу зимистони соли гузашта ба Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ пойгоҳҳои обкашии ноҳияи Зафаробод ба миқдори зиёда аз 1 миллион сомонӣ маблағ ҷудо намуд, ки ин ба саривақт ва босифат таъмиру тармими пойгоҳҳои обкашӣ мусоидат намуд.

Ҳамчунин, Раиси вилоят ба Хоҷагии деҳқонии “Камола”, воқеъ дар Ҷамоати шаҳраки Зафаробод ташриф овард.

Бояд зикр намуд, ки Зафаробод аз минтақаҳои асосии пахтакори вилоят маҳсуб ёфта, кишоварзон дар самти кишти зироати муҳими ашёи хоми саноатӣ ва истеҳсоли пахтаи фаровон таҷрибаи ғанӣ доранд. Ин аст, ки заҳматкашони ноҳия сол аз сол барои рушду такомули соҳа бо истифода аз усулҳои пешрафтаву риояи агротехникаи кишту парвариш ба натиҷаҳои назаррас ноил мегарданд. Хоҷагии деҳқонии мазкур соли 2014 ташкил шуда, роҳбарии онро Гулчеҳра Нормаматова ба зимма дорад. Аз гуфти масъулин аён мегардад, ки майдони умумии хоҷагӣ 10 гектар буда, дар он пахтаи навъҳои хитоии “ТСИАМзин - 39” кишт шудааст. Дар хоҷагӣ 5 саҳмдор фаъолият дошта, соли 2018 аз ҳар гектар замин ба ҳисоби миёна 50 сентнерӣ ҳосили хушсифати пахта гирифтанд.

Умуман, деҳқонони ноҳияи Зафаробод имсол азм доранд, дар майдони 13 ҳазору 800 гектар кишти зироати пунбадонаро ба роҳ монанд. То санаи 22 - юми апрели соли равон дар майдони беш аз 12 ҳазор гектар кишт гузаронида шудааст, ки 87,7 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад. Раиси вилоят дастур дод, ки рӯзҳои наздик бояд дурнамои кишти пунбадона ба иҷро расонида шавад ва нашъунамои он дар ҳамаи хоҷагиҳо баробар таъмин гардад.

Раиси вилоят аз Хоҷагии деҳқонии “Ором - 7”, воқеъ дар Ҷамоати шаҳраки Ҳамид Алиев, ки роҳбарии онро Далер Холиқов ба уҳда дорад, низ боздид ба амал овард. Хоҷагии деҳқонӣ соли 2014 ташкил шуда, майдони умумиаш 1,65 гектар мебошад. Кишоварзони хоҷагӣ имсол дар 1 гектар картошкаи навъи “Дупӯста” кишт намудаанд.

- Кишти саривақтии зироатҳои баҳории кишоварзӣ омили таъминоти бозори истеъмолӣ бо хелҳои маҳсулоти кишоварзӣ буда, мувофиқи маълумоти Идораи кишоварзии ноҳия аз майдони 21 ҳазору 700 гектар дурнамои кишти зироатҳо дар 17 ҳазору 198 гектар кишти баҳорӣ гузаронида шудааст, ки ин нишондод ба 79,3 фоизи нақша баробар мебошад. Кишти зироати картошка аз 81 гектари соли гузашта ба 150 гектар расонида шуда, имрӯз нашъунамои хуби он таъмин гардидааст ва хоҷагидорон ният доранд ҳосилнокиро боз ҳам зиёд намоянд, - изҳор дошт сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Сафарбой Исмоилов.

 Раиси вилоят барои кишоварзону хоҷагидорон дар иҷрои азму иқдомашон бурдборӣ таманно намуд.

Мардуми зафарманди ноҳия дар баробари дигар сокинони кишвар ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии кишварро бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтанианд. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Қасри фарҳанги шаҳраки Зафаробод мавриди азнавсозӣ қарор дода мешавад. Қасри фарҳанг соли 1971 бунёд ёфта, толори он барои 487 ҷойи нишаст пешбинӣ шуда аст. Масоҳати худи бино 3200 метри мураббаъ буда, дар маҷмӯъ майдони гирду атроф ва пайраҳаҳо 0,90 гектарро дар бар мегирад. Бино соли 2015 қисман тармими ҷорӣ шуда, таъмирталаб мебошад. Ба таҷҳизоти муосири техникӣ ва иттилоотӣ эҳтиёҷ дорад. Раиси вилоят аз вазъи кунунии ин макони фарҳангӣ дидан намуда, ба сохтмончиёну лоиҳакашон дастур дод, ки лоиҳаи азнавсозии онро пешниҳод намоянд. Алҳол дар ин муассисаи фарҳангӣ 12 нафар фаъолият дошта, 9 маҳфили гуногун амал менамояд. Дар бинои қаср бахши фарҳанг, китобхонаи марказӣ, китобхонаи бачагона, ансамбли Шашмақомсароёни «Навои дил», ансамбли халқии тарона ва рақси «Зафар» ва осорхонаи таърихии ноҳия фаъолият мебаранд.

Саҳм ва иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ низ дар ҷараёни ободкориву созандагӣ ва баҳри дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани идҳои таърихии кишвар басо назаррас аст. Яке аз иқдомҳои шоистаро соҳибкор Шаҳло Кенҷаева пайгирӣ намуда, нахустин кӯдакистони хусусиро дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Зафаробод сохта, ба истифода доданист. Айни замон корҳои сохтмонӣ оғоз гардида, дар назар аст то ҷашни миллӣ, яъне моҳи сентябри соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад. Кӯдакистони хусусӣ бо тарзу усули меъмории замонавӣ аз ду ошёна барои 100 нафар кӯдак бо ташкили 4 гурӯҳ сохта мешавад. Майдони умумии кӯдакистон 0,23 гектар буда, оянда барои идомаи таҳсил мактаби хусусӣ дар назди кӯдакистон сохта, ба истифода дода хоҳад шуд, ки таълиму тарбия бо ду забон - русӣ ва англисӣ сурат мегирад. Маблағи умумӣ барои сохтмон тибқи лоиҳа 1 миллиону 120 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Бино ба иттилои масъулини соҳаи маориф дар ноҳияи Зафаробод 5 муассисаи томактабӣ фаъолият дошта, дар онҳо 897 нафар кӯдак бо таълиму тарбия фаро гирифта, алҳол 1750 нафар кӯдак дар навбат қарор доранд.

Ҳини сафари корӣ ҳамзамон Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз иншооти дигари сохташавандаи ҷашнӣ - бунёди майдони Нишони давлатӣ ва Боғи фарҳангӣ - фароғатии ноҳия дидан намуда, бо лоиҳаи иншоот шинос шуд. Масоҳати умумии Боғи фарҳангӣ 7,3 гектар буда, тибқи лоиҳаи таҷдид дар ҳудуди он 9 дӯкон, майдонҳои варзишии волейболу баскетбол, майдончаҳо барои бозии кӯдакон, автодром, фаввораҳо сохта мешаванд. Айни замон бинокорон корҳои бартарафсозии иншооти пешинаро оғоз карда, барои сохтмони се фаввора ҷой омода менамоянд. Иншооти мазкур пурра аз буҷети вилоят маблағгузорӣ шуда, корҳои пудратии сохтмонро ҶДММ “Барқсохтмон” амалӣ менамояд. Тибқи лоиҳаи мазкур дар ҳудуди боғ пайкараи Сардафтари адабиёти муосири тоҷик, қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ гузошта хоҳад шуд. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин дастур дод, ки сохтмонро бо сифату тарҳи муосир ба анҷом расонанд.

Дар ноҳияи Зафаробод ҳамчунин ба рушди соҳаи чорводорӣ ва афзоишу хушзоткунӣ аҳамияти хоса дода мешавад. Дар ҳамкорӣ бо соҳибкори австралиягӣ ва соҳибкори маҳаллӣ, сарвари ҶДММ «Некқадам» Назарбек Ғоибназаров фермаи хусусии бузҳои зоти шведӣ ва франсавӣ дар деҳаи Наврӯзи Ҷамоати деҳоти Равшан соли 2016 ташкил шуда буд. Зимни сафари кории худ Раиси вилоят ба фаъолияти ферма ва сехи коркарди шири буз ва истеҳсоли маҳсулот аз он таваҷҷуҳ зоҳир намуд ва барои боз ҳам беҳтар намудани раванди фермерӣ ва дастгирии соҳибкорон дар ин ҷода дар назди роҳбарияти ноҳия вазифаҳои мушаххас гузошт. То ба имрӯз саршумори умумии бузҳои навъи франсавӣ ва австралӣ ба 228 сар расонида шуда, майдони ферма 2,5 гектар ва майдони умумии ин хоҷагии деҳқонӣ 8 гектарро ташкил медиҳад.

Дар фарҷоми сафари корӣ дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбарону фаъолон, масъулини ноҳияи Зафаробод ва сарварони сохторҳои вилоятӣ ҷаласаи корӣ доир намуд.

Сараввал раиси ноҳия Раҷаб Ашӯрзода оид ба натиҷаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар семоҳаи аввал, ҷараёни омодагиҳо ба ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал дод.

Сипас, Раиси вилоят фаъолияти соҳаҳои мухталифи ноҳияро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод. Таъкид гардид, ки соли равон тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар, аз ҷумла дар вилоят майдони пахтазор зиёд карда шавад. Ноҳияи Зафаробод яке аз ноҳияҳои калонтарини пахтакор дар вилоят маҳсуб меёбад ва кишоварзон бояд дар ин самт ҷидду ҷаҳди бештар намоянд. Имсол кишоварзони ноҳия дар майдони 14 ҳазору 700 гектар кишти пунбадона гузаронида, тибқи дурнамо 35 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намуда, ҳосилнокии миёнаро аз ҳар гектар ба 35 сентнерӣ мерасонанд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода роҳбарону мутасаддиёни соҳотро муваззаф намуд, ки баҳри истифодаи оқилонаи обу замин, обёрии заминҳо ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, бунёди босифату саривақтии иншооти ҷашнӣ тадбирҳо андешида, ҷараёни корҳои ободониву созандагиро густариш диҳанд. Ҳамчунин, баҳри рушди соҳаи кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, содироти маҳсулот ба бозорҳои дохилӣ ва берун аз кишвар, таъсиси гармхонаҳо ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулот дар онҳо, пардохти музди маоши кормандони соҳаи обрасонӣ, таъмири босифати мактабҳо, ташкили коргоҳҳои коркарди маҳсулоти ширӣ, ҳамзамон, сехҳои дӯхтани либосҳои мактабӣ, дар ин раванд зиёд намудани ҷойҳои кории нав аз ҷониби Раиси вилоят дастурҳои мушаххас дода шуд.

Раиси вилоят ба мудирону масъулини бахши алоқа ва телевизиони вилоят дастур дод, ки то охири моҳи майи соли равон пахши пурраи барномаҳои телевизиони вилоятиро дар минтақаҳои ноҳия ба роҳ монанд.

Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

 


 
 

 

 

Add comment


Security code
Refresh