Боздиди Раиси вилоят аз ҶСК «Қолинҳои Қайроққум»-и шаҳри Гулистон

Рӯзи 25 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҶСК «Қолинҳои Қайроққум»-и шаҳри Гулистон боздид намуда, бо фаъолияти кунунии ин корхонаи маъруф аз наздик шинос гардид.

Чуноне зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии рақобатпазир ва ба содиротнигаронидашуда аз тарафи корхонаи мазкур соли гузашта сехи истеҳсоли ришта ба кор андохта шуд.

Ба сехи мазкур аз кишварҳои Олмону Белгия таҷҳизоти махсуси истеҳсоли риштаи полипропиленӣ ва таҷҳизоти иноватсионии махсуси мустаҳкамсозии ришта бо иқтидори 8,5 ҳазор тонна дар як шабонарўз ба маблағи умумии 34 715 600 сомонӣ ворид гардид.

Алҳол бо дарназардошти воридоти таҷҳизоти замонавии пешқадам дар ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” вазъи истеҳсоли қолинҳои рақобатпазир ва ба содиротнигаронидашуда тадриҷан беҳтар гардида, қолинҳои истеҳсолшудаистода воридотивазкунанда мебошанд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар давоми се моҳи аввали соли 2019 корхонаи мазкур дар ҳаҷми 735,5 ҳазор метри мураббаъ маҳсулоти қолинию  тафтенгӣ истеҳсол намудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 190,5 ҳазор метри мураббаъ зиёд мебошад.

Шумораи миёнаи кормандон дар корхонаи қолинбофон 352 нафар буда, мувофиқи ҳисоботи оморӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта 88 нафар зиёд шудааст. Дар ҳоли ҳозир музди маоши миёнаи қолинбофон 1040 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 171 сомонӣ зиёд гардидааст.

Пас аз шиносоӣ Раиси вилоят нақши корхонаро дар самти истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда назаррас арзёбӣ карда, ба роҳбарияти он ҷиҳати содироти бештари маҳсулот, боз ҳам афзун намудани дастовардҳо, таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ дастуру супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh