Бунёди бинои нав: Мусоидат бо сатҳи хуби хизматрасонӣ

Кормандони Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Суғд соҳиби бинои наву замонавӣ хоҳанд шуд. Зеро иқдоми некбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳамчунин қарори Раиси вилоят оид ба эълон намудани «1300 - рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро мардуми шарифи вилоят дар фазои сулҳу якдигарфаҳмӣ ва ваҳдати миллӣ хуб дарк намудаанд.

Бо дастгирии директори Агентии “Тоҷикстандарт” - и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Қудрат Қамбар ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сохтмони бинои маъмурии Маркази “Тоҷикстандарт” оғоз гардида, айни ҳол корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.

Сохтмончиёни ҶДММ «Авитсена» - ро бо роҳбарии Парвиз Ҷӯраев дар маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанд андармони бетонрезӣ дарёфтем. Дар масоҳати 0,6 гектар замин бинои панҷошёна қомат хоҳад афрохт. Дар таҳхонаи бинои асосӣ шуъбаи таъминоти метрологӣ, озмоишгоҳ ҷойгир буда, зиёда аз 50 утоқи корӣ мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Ҳамчунин, дар ошёнаи якум маҷлисгоҳ барои 150 нафар ва толори машваратӣ барои 30 нафар пешбинӣ гардидааст. Ошхона низ дар ошёнаи якум ҷойгир хоҳад шуд.

Музаффар Шокиров иброз дошт, ки теъдоди беш аз бистнафараи сохтмончиён ҳамарӯза фаъолият дошта, барои хушсифату то муҳлати муайян ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ ҷидду ҷаҳд доранд. Сармуҳандис Ҷӯрабой Ҷӯраев барои сари вақт дастрас намудани масолеҳи сохтмонӣ, устоҳо банду басти Азимҷон Худойбердиев, Неъматҷон Шокиров, Нурмуҳаммад Тошматов, устоҳои банду басти арматур ва бетонрез Р.Бойматов, К.Ҷумъабоев, А.Эргашев, Р.Ҳакимов ва дигарон бо кӯшишу ғайрати том фаъолият доранд.

Парвиз Ҷӯраев иброз медорад, ки аз аввали моҳи апрел бунёдкорони ҶДММ «Авитсена», ки наздик бист сол инҷониб фаъолият доранд, сохтмони биноро ба уҳда гирифта, дар ин замина ба таъсиси ҷойҳои корӣ замина гузоштаанд. Ҳамчунин, барои кам кардани сафи муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дур аз ёру диёр дар кишварҳои хориҷа кор мекарданд, шароити корӣ фароҳам оварда, барои некуаҳволии аҳли оилаашон мусоидат намудаанд. Абдуазиз Эргашев, ки таи ду сол инҷониб дар ин ширкати сохтмонӣ фаъолият мебарад, чунин изҳор дошт:

- Ду - се сол қабл ман дар муҳоҷирати меҳнатӣ будам. Албатта, дур аз оила ва ёру дӯстон бароям мушкилиҳо меовард. Бар замми ин хароҷотам ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ хеле гарон буд. Пазмони аҳли оила, падару модар ва пайвандон мешудам. Алҳол дар ин ширкати сохтмонӣ меҳнат мекунам. Музди маоши хуб мегирам. Гумон мекунам, ки агар ҷавонмард соҳиби касбу кори муайян бошад, ҳоҷати ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан нест.

Маҳмуд Зоҳиров ва Муҳаммад Ортиқов низ, ки чанд сол дар шаҳрҳои Федератсияи Россия муҳоҷири меҳнатӣ буданд, мақоли халқии «Хоки Ватан аз тахти Сулаймон беҳтар»-ро сармашқи кори худ қарор додаанд. Онҳо мегӯянд, ки ҳарчанд солҳои тӯлонӣ дар муҳоҷират буданд, аммо ҳеҷ гоҳ маблағи ҳангуфт ба даст наовардаанд. Дар Ватан онҳо бо кору маоши хуб таъминанду бар замми ин дар ободии диёри хеш ҳиссагузоранд.

Сардори дафтари матбуоти Маркази “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд Маҳкамбой Каримов иброз медорад, ки ҷомеаи беш аз 140 нафараи Марказ аз бунёдсозии бинои нав шоду хурсанд ҳастанд. Зеро онҳо ҳамарӯза саҳми хешро дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва пешгирии маҳсулоти ғайристандартӣ мегузоранд. Бо бунёд шудани бинои нав ва фароҳам овардани шароити хуби корӣ сатҳи хизматрасонӣ боз ҳам беҳтар хоҳад шуд.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh