ПАНҶАКЕНТ: Вусъати корҳои ободонӣ дар авҷ

Сокинони шаҳри Панҷакент чун дигар шаҳру навоҳии кишвар талош доранд, ки дар пайи ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои сазовор истиқбол намоянд.

Бахшида ба ҷашни миллӣ дар ҳудуди шаҳр сохтмони 405 адад биною иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки дар соли 2018 - ум 68 биною иншоот ба истифода дода шуданд.

Дар се моҳаи аввали соли равон бошад 82 адад биною иншооти таъиноташон гуногун мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар маҷмӯъ 150 ададро ташкил медиҳад.

Айни ҳол дар дигар биною иншоотҳо корҳои сохтмонӣ идома дорад, ки марҳила ба марҳила мавриди истифода қарор дода мешавад.

Ҳамагӣ дар шаҳру деҳоти Панҷакент 116 майдончаи варзишӣ, як қисмаш дар назди мактабҳо мавҷуд мебошад. Инчунин шаш майдончаи нави варзишӣ дар ҳудуди шаҳр ва се адад дар ҷамоатҳои деҳот, аз ҷумла деҳаи Сарикамари Ҷамоати деҳоти Хурмӣ, деҳаи Сӯфиёни Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан ва деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти Косатарош сохта ба истифода дода шуданд. Ҳоло дар деҳаи Сӯҷинаи Ҷамоати деҳоти Сӯҷина, деҳаи Кабудсанги Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан, деҳаи Ёрии Ҷамоати деҳоти Ёрӣ ва деҳаи Чимқалъаи Ҷамоати деҳоти Саразм сохтмони майдончаҳои нави варзишӣ идома дорад.

Бунёди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳамагӣ 20 ададро ташкил медиҳад, ки дар соли 2018 - ум 3 адади он яъне дар деҳаи Ваҳдати Ҷамоати деҳоти Хурмӣ, деҳаи Пушти Қурғони Ҷамоати деҳоти Моғиён ва деҳаи Шӯрноваи Ҷамоати деҳоти Саразм мавриди истифода қарор гирифт.

Дар соли равон 10 адад, дар соли 2020 - ум 3 адад ва дар соли 2021 - ум 4 адад бунёд карда мешавад.

Бунёди 30 бунгоҳи тиббӣ ба нақша гирифта, дар соли 2018 - ум 13 адад сохта мавриди истифода қарор гирифта, айни ҳол сохтмони 3 адади он идома дорад.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҳаҷман калон, аз ҷумла сохтмони бинои истиқоматии 11 ошёна, 5 бинои истиқоматии 9 – ошёна, бинои истиқоматии 6 ошёна, бинои истиқоматии 8 ошёна, бинои иловагӣ дар назди беморхонаи марказии шаҳр, бинои иловагӣ дар назди таваллудхонаи шаҳрӣ, бинои истиқоматии 5 ошёнаи болохонадор, бинои меҳмонхона барои 150 ҷой, бинои истиқоматии 4 ошёна, бинои маъмурии Раесати Агентии мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва сохтмони мактаб барои 640 хонанда дар шаҳраки Саразми Ҷамоати деҳоти Саразм бо маром идома доранд.

Имрӯзҳо мардуми шарифи шаҳри Панҷакент бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат баҳри амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳояшон ҳамаи чораҳоро меандешанд ва бо саҳмгузорӣ дар ҷодаи ободонии кишвари азизамон баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни 30 - солагии Истиқлолиятро дар сатҳи баланд истиқбол хоҳанд гирифт.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд» 

Add comment


Security code
Refresh