Хуҷанд. Мумфаршкунии кӯчаи Озодии маҳаллаи Чорчароғ оғоз ёфт

Рӯзи 31 май дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода мумфаршкунии кӯчаи Озодии маҳаллаи Чорчароғ оғоз ёфт.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок дар маросими оғози корҳои мумфаршкунӣ иброз дошт, ки таҷдиду азнавсозӣ ва мумфаршкунии роҳҳо тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, бо харҷи маблағҳои буҷавӣ, саҳми соҳибкорон ва аҳолӣ корҳои ободонӣ вусъат дода мешавад.

Таъкид карда шуд, ки то ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксарияти кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд мумфарш хоҳад шуд. Дар ин раванд 2 км роҳи кӯчаи Озодии маҳаллаи Чорчароғ низ мумфарш карда мешавад.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон аз иқдоми амалинамудаи сокини маҳаллаи Чорчароғи шаҳри Хуҷанд Шуҳратҷон Холматов, ки 450 метри квадратӣ роҳро мумфарш намудааст, тавсиф намуда, таъкид кард, ки чунин амалҳои хайру савоб бояд дар шаҳр бештар роҳандозӣ карда шавад.

Дар маҳаллаи Чорчароғ Раиси вилоят инчунин бо вазъи чойхонаи Кӯпруки баланд ва кӯдакистони №1 ошно гардида, ба роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ва фаъолони маҳалла ҷиҳати таъмири чойхона ва муассисаи томактабӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh