Машварати кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода

Дирӯз дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид, ки дар он як қатор масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар кори машварат муовини якум ва муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо, ҳайати ситоди вилоятӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020,   масъулини вилоят, ки барои таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳо вобаста гардидаанд, иштирок намуданд.

Дар рафти машварат нахуст аз рӯи масъалаи якум - “Оид ба рафти иҷрои қарори Раиси вилоят «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020» муовини якуми Раиси вилоят Хол Ҳайдар гузориш дод.

Раиси вилоят зимни баррасии масъалаи мазкур барои бо дару тиреза ва шиша таъмин намудани даромадгоҳи биноҳои баландошёна, таъмири боми биноҳои баландошёна, ба миқдори зарурӣ захира кардани маводи зиддилағжиш, захиракунии ангиштсанг дар муассисаҳои соҳаи маорифу тандурустӣ ба масъулин супоришҳо мушаххас дод.

Сипас, аз рӯи масъалаи дуюми машварат – “Оид ба омодагии иншоотҳои ҷашнӣ ва рафти амалӣ гардонидани Нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ барои сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузориши муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ шунида шуд.

Пас аз баррасии масъалаи мазкур Раиси вилоят дар назди масъулин ҷиҳати таъмини омодагии саривақтии  ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои дахлдор ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020, барқарорсозии биноҳои садамавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, истифодаи самараноки муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла боғҳои фарҳангию фароғатӣ дар мавсими тобистон, таъмини иҷрои саривақтии бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба таҷлили 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ, дар мўҳлатҳои муайяншуда анҷом додани корҳои сохтмонӣ ва ба истифода супурдани иншоотҳои ҷашнии ба Нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида, иҷрои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар минтақаҳои осебпазир, сари вақт содирот намудани маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар, истифодаи самараноки замин ва об, ба гардиши кишоварзӣ баргардонидани заминҳои холимонда ва боир, иҷрои нақшаи андозҳо, ташкили аёдати собиқадорон, ашхоси яккаву танҳо ва оилаҳои ниёзманд вазифаҳои мушаххас гузошт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh