Сафари кории Раиси вилоят ба шаҳри Исфара

3 июни соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Исфара сафари корӣ анҷом дода, дар маросими ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим иштирок намуд ва ҷараёни корҳои ободониву созандагиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

Зимни сафар Раиси вилоят дар Ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳр дар маросими ифтитоҳи тарабхонаи "Шоми Сурх" ва як майдончаи варзишӣ иштирок намуда, дар Ҷамоати деҳоти Чоркуҳ ба корҳои мумфаршкунии роҳи Чоркуҳ - Ворух ҳусни оғоз бахшид. Роҳи мазкур бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба масофаи чор км мумфарш карда мешавад.

Дар Ҷамоати деҳоти Чоркуҳ Раиси вилоят инчунин бо рафти навсозии беморхонаи ҷамоат ва сохтмони ҳаммом, майдончаи хурди футбол, волейбол, толори фитнес,нуқтаи шустушӯи нақлиёт шинос гардида, иқдоми соҳибкорони маҳаллиро дар самти бунёди иншооти иҷтимоӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ кард.

Дар Ҷамоати деҳоти Ворух бошад бо ширкати Раиси вилоят коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд. Тавре иттилоъ дода шуд, ба коргоҳи мазкур аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоти Суғд 12 адад дастгоҳи муосири дӯзандагӣ, ду адад дастгоҳи аверлог ва мизи чокбуррӣ тақдим гардида, бо ифтитоҳи коргоҳ 15 нафар занону духтарони хонашини деҳа бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Дар ҷараёни сафар Раиси вилоят ҳамзамон дар Ҷамоати деҳоти Ворух бо рафти сохтмону барқарорсозии бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии маҳаллаи Сангтӯда ва хонаи фарҳанги ҷамоат шинос гардида, ҷиҳати бо сифати баланд ба аҷном расонидани корҳо ба масъулин супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh