Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни мумфаршкунии роҳи Хуҷанд – Палос

6 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои мумфаршкунии роҳи Хуҷанд – Палос шинос гардид.

Роҳи мазкур дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумфарш гардида, масофаи он 12,3 километрро ташкил медиҳад. Айни замон мутахассисони ширкати роҳсозии «Тоҷроҳ» машғули коранд ва тибқи нақша паҳноии роҳ ба 7 метр расонида хоҳад шуд.

Барои иҷрои корҳо аз ҳисоби буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят беш аз 10 миллиону 500 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.

Раиси вилоят ҳангоми шиносоӣ ба масъулин ва роҳсозон супориш дод, ки ба сифати корҳо эътибори зарурӣ диҳанд. Зеро роҳи мазкур бояд солҳои дароз барои сокинон хизмат расонад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh