Дар шаҳри Гулистон сохтмони маҷмааи нави истироҳатию сайёҳӣ идома дорад

Рӯзи 6 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳри Гулистон боздид намуда, бо рафти корҳои ободонию созандагӣ шинос гардид.

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон сохтмони маҷмааи нави истироҳатию сайёҳӣ идома дорад. Маҷмаа бо дарназардошти талабот ба ҷойҳои нави истироҳату табобат дар мавзеъи хеле хушбоду ҳавои соҳили “Баҳри Тоҷик” қомат афрохта, аз панҷ ошёна ва таҳхона иборат мебошад.

Чуноне зимни шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ иттилоъ дода шуд, дар ҳудуди маҷмаа барои фароғати истироҳаткунандагон ҳавзи шиноварӣ ва дигар шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад. Айни замон беш аз 300 нафар ба корҳои сохтмонӣ ҷалб гардида, ҷиҳати ба итмом расонидани сохтмони ошёнаи панҷум корҳо идома дорад.

Раиси вилоят бунёди маҷмааи наву замонавиро ҷиҳати ҷалби бештари гардишгарон ва муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карда, ба масъулини соҳаи сохтмон дастур дод, ки барои дар муҳлати пешбинишуда ба истифода додани иншоот тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Сипас, Раиси  вилоят бо фаъолияти ҶДММ “Моҳии Суғд” шинос шуда, аз сардхонаҳои ҷамъият боздид намуд. Бояд гуфт, ки дар аснои боздиди қаблӣ Раиси вилоят аз фаъолияти сусти ҶДММ “Моҳии Суғд” изҳори нигаронӣ карда, барои таъмиру навсозии сардхонаҳо супоришҳо дода буд. Роҳбарияти ҷамъият баҳри иҷрои супоришҳои Раиси вилоят корбарӣ намуда, дар муддати кутоҳ ду сардхонаро аз таъмир баровард, ки дар ин сардхонаҳо метавон 300 тонна моҳиро захира кард.

Ёдовар бояд шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ” қабул ва дар амал татбиқ гардида истодааст. Ҷиҳати иҷрои барномаи давлатӣ дар вилояти Суғд тадбирҳои муассир андешида шуда, дар дарёву обанборҳои вилоят садҳо ҳазор моҳиҳои навъи карп, пешонағафси сафеду ало, амури сафед, суфмоҳӣ, нуқрамоҳӣ, шофмоҳӣ, жерех ва ғайраҳо парвариш карда мешаванд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh