Фонди қарздиҳии хурди «Имон»: Рисолати хизматрасонӣ

7 - уми июни соли равон бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд дар доираи амалҳои неки созандагӣ бахшида ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави муосири Фонди қарздиҳии хурди «Имон» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Раиси вилоят бо буридани лентаи рамзӣ аз утоқҳои корӣ ва толорҳои хизматрасонии фонд боздид намуда, ба сифати корҳои сохтмонӣ, ки мутобиқ ба талаботи ҷаҳони муосир мебошад, баҳои арзишманд дод.

Мавриди зикр аст, ки ҳадаф аз таъсиси фонди мазкур дастгирии сиёсати иқтисодии мамлакат буда, ба рушди сармоягузорию соҳибкорӣ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд.

Чуноне иттилоъ дода шуд, хазинаи молиявии фонд дорои 19,2 миллион сомонӣ буда, алҳол ба 570 мизоҷи фаъол хизмат мерасонад. Бо бунёди бинои нави фонд 20 нафар мутахассисони лаёқатманд соҳиби ҷойи корӣ гардиданд, ки музди миёнаи меҳнати онҳо 2,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Раиси вилоят бо иштирокдорони чорабинӣ, ки намояндагони ташкилоту фондҳои молиявӣ ва қарздиҳии вилоят буданд, мулоқот намуда, таъкид дошт, ки дастгирии соҳибкорӣ дар меҳвари сиёсати инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмолмалӣ Раҳмон қарор дорад. Тавассути ба роҳ мондани равобити пурсамар ва беҳтар шудани сатҳи сармоягузории хориҷӣ ва ватанӣ иқтисодиёти кишвар сол то сол рушд меёбад.

Раҷаббой Аҳмадзода бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳи хуби хизматрасонии фонди мазкур таъкид дошт, ки муваффақияту дастовардҳои Фонди қарздиҳии хурди «Имон» натиҷаи татбиқи дурусти сиёсати давлатии молиявӣ мебошад.

Тазаккур бояд дод, ки Фонди қарздиҳии хурди «Имон» яке аз пешсафтарин фондҳои қарздиҳӣ дар вилояту ҷумҳурӣ буда, ба мизоҷон бо фоизи пасттарин ва шароитҳои мусоид, аз ҷумла тариқи ипотека ва лизинг хизматрасониро роҳандозӣ намудааст. Ҳамзамон, фонд ҷиҳати дастгирии зиёиён, омӯзгорон, табибон ва ҳунармандон хизматрасонии имтиёзнокро амалӣ менамояд, ки иқдоми шоиста мебошад. Чунончӣ, 1,5 ҳазор нафар сокинони вилоятро бобати бунёди гармхонаҳо двр қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ дастгирӣ намудааст.

Ҳамзамон, зикр бояд дошт, ки дар бинои навбунёд, ки фонди мазкур ҷойгир шудааст, 54 оила соҳиби манзили нав шуданд. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аҳли кормандони фонд ва ашхоси соҳиби манзили нав шударо бо ин воқеаи фараҳбахш табрик намуда, аз тадбирҳои ҷашнӣ дар вилоят ҳарф зад. Аз ҷумла зикр дошт, ки бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят беш аз 7 ҳазор иншооти мухталиф, аз ҷумла 300 корхонаву коргоҳи нави истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.

Хабарнигори
 «Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh