МАРОМ: СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ!

Дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат бо мақсади вусъат бахшидани корҳо бунёдкориву созандагӣ ва бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот солҳои 2019 - 2021 - ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карданд, ки иқдоми мазкур дар байни сокинони ноҳия ҳамчун санади умедбахш пазируфта шуд.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар самти ҷалб намудани сармояи хориҷӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо сарварии раиси ноҳияи Спитамен Сулаймонзода Акрам Раҳим чораҳои мушаххасро роҳандозӣ намуда, корҳои назаррасро ба сомон расонид. Аз ҷумла, моҳи марти соли 2018 Форуми соҳибкорони ноҳия дар шаҳри Бекободи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид. Айни ҳол дар ноҳия бо Меморандуми якдигарфаҳмӣ намояндагии «Котиботи байналхалқии захираҳои об» дар Тоҷикистон барои лоиҳаи бо оби нӯшокӣ таъмин намудани деҳаи навбунёди Файзободи Ҷамоати деҳоти Куруши ноҳия 3,6 миллион сомонӣ маблағ ворид сохт.

Мақомоти иҷроияи маҳаллӣ баҳри беҳтар гардидани пояи моддӣ - техникии муассисаҳои таълимии ноҳия чораандешӣ намуда истодааст. Алҳол бинои иловагии дуошёнаи муассисаи таълимии № 9 барои 240 нафар хонанда дар як баст, воқеъ дар деҳаи Сафедтеппаи Ҷамоати деҳоти Истиқлол бо маблағи буҷетӣ ва ҳам бо дастгирии бевоситаи сарпарастон сохта, ба истифода дода шуд. Ҳамчунин, бо дастгирии Ҷумҳурии Ӯзбекистон сохтмони як муассисаи таълимӣ барои 1260 нафар хонандагон дар ду баст, дар деҳаи навбунёди Андарсойи Ҷамоати деҳоти Т. Ӯлҷабоев ва аз ҳисоби буҷаи вилоят сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи №12 - и Ҷамоати мазкур бомаром идома дорад, ки дар соли таҳсили 2019 - 2020 мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ баҳри амалӣ намудани барномаҳо як зумра корҳо ба анҷом расонида мешаванд. Шуъбаи таваллудхонаи беморхонаи марказии ноҳия аз таъмири куллӣ бароварда шуда, қубурҳои обу корезӣ иваз ва ҳудуди беморхона чароғон гардид. Мақомоти иҷроияи маҳаллӣ баҳри сазовор истиқбол гирифтани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста кӯшиш намуда, дар ин самт як қатор иншооти хизматрасонию маъмурӣ сохта, мавриди истифода ва баҳрабардорӣ дода шуд. Дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллӣ сохтмон ва таъмири 363 иншооти гуногун ба нақша гирифта, дар соли 2018 - ум 82 - тои он иҷро гардид.

Дар пешорӯйи бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия як хиёбони ҷадид, иборат аз пояи Нишони миллӣ бо баландии 25 метр ва Парчами миллӣ бо баландии 50 метр, фаввора, роҳравҳои бо сангҳои ороишӣ ва сафолакҳо орододашуда, нишастгоҳҳо, дарахтони ҳамешасабз бунёд шуда, намои берунии бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия куллан навсозӣ шудааст.

Фирӯз АТОЗОДА,
Аълочии матбуоти Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh