Нишоти фараҳмандӣ ва сурури ободӣ

Мардуми шарифи вилояти Суғд бо шукргузор аз сулҳу ваҳдати комил, фазои орому осиштаи кишвар барои дар сатҳи баланди ташкилӣ ва бо дастовардҳои шоиста таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чаҳду талош намуда истодаанд.

Бо мақсади татбиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 - юми майи соли 2018, «Дар бораи омодагӣ ба ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят корҳои созандагиву ободонӣ бо маром ҷараён дорад. Дар ин замина нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардида, корҳои таъмирию сохтмонӣ бо суръат пеш меравад. Мардуми ноҳияи Ҷаббор Расулов низ баҳри истиқболи бошукӯҳи ин ҷашни фархунда аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мебаранд. Баҳри сохта ба истифода додани иншооти ҷашнӣ ва ободу зебо гардонидани ватани азизу маҳбубамон якдилонаву сарҷамъона меҳнат менамоянд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри амалӣ гаштани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ нақша - чорабиниҳо иборат аз 394 банд таҳия намудааст, ки аз он 101 банд дар соли 2018 иҷро шудааст. Дар соли 2019 низ иҷрои 127 банди чорабиниҳои ободонӣ ба нақша гирифта шуда, то инҷониб 20 банди он ба анҷом расонида шуда, зиёда аз 50 ҷойи корӣ таъсис ёфтааст.

Соли равон баҳри иҷрои ҳадафи чоруми стратегии кишвар ба фаъолият оғоз намудани корхонаи ресандагии ҶДММ «Органик ян» бо иқтидори коркарди 5000 тонна нахи пахта, бо сармояи 70 миллион сомонӣ аз ҳисоби ҶДММ «25 - солагии Истиқлолият» ва ширкати туркии «До Коттон Груп» ба нақша гирифта шудааст, дар марҳалаи аввали фаъолияти корхонаи мазкур 100 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд. Бино ба маълумоти мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия Абдурасул Исматуллоев ҳамзамон дар соли 2019 ба масоҳати 22 километр мумфарш намудани роҳҳо ба нақша гирифта шуда, айни ҳол ба масоҳати 2 км роҳ мумфарш шудааст. Дар ин раванд корҳои чароғонкунии роҳҳо низ идома дорад. - То ин давра аз ҳисоби ташкилоту корхонаҳо ва соҳибкорони маҳаллӣ корҳои сохтмонӣ ва таъмирӣ ба маблағи умумии 122 млн. 327 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шудааст.

Дар натиҷа 95 иншоот мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд, ки аз он 52 адад иншооти ҷамъиятӣ буда, зиёда аз 198 ҷойи корӣ таъсис гардид,- мегӯяд Абдурасул Исматуллоев.

Сурайё ҲАКИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh