Шиносоии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо сохтмони иншооти ҷашнӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов сохтмони беш аз 300 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст.

Тавре зимни боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Ҷаббор Расулов иттилоъ дода шуд, соли гузашта дар ноҳия 92 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифтааст. Имсол бошад роҳбарияти ноҳия ва сокинону фаъолон бунёду ба истифодадиҳии 70 иншооти навро ба нақша гирифтаанд.

Раиси вилоят дар аснои боздид рафти корҳои сохтмонии чанд иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла, кӯдакистони хусусӣ, корхонаи коркарди пахтаи «Органик-ян» ва майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

Бояд зикр кард, ки кӯдакистони нав аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бо харҷи 1 миллиону 100 000 сомонӣ сохта мешавад. Бинои сохташаванда аз ду ошёна иборат буда, бо ифтитоҳи он 200 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта хоҳанд шуд. Ин шашумин кӯдакистони хусусӣ дар ноҳия маҳсуб ёфта, шумораи умумии кӯдакистонҳои ноҳия 19 ададро ташкил мекунад.

Корхонаи коркарди пахтаи «Органик-ян» ҷиҳати баланд бардоштани нуфузи саноатии ноҳия бунёд гардида, тибқи нақша дар он 100 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мешаванд. «Органик-ян» корхонаи муштарак буда, дар он дар марҳилаи аввал 5 ҳазор тонна пахта коркард хоҳад шуд.

Майдони Нишони давлатӣ, ки дар маркази ноҳия ҷойгир аст, дар масоҳати 0,15 га сохта шуда, дар он бунёди фаввораҳои замонавӣ, гулгашту нишастгоҳҳо низ ба нақша гирифта шудааст. Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии ноҳия мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh