Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон

10-уми июни соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаи татбиқи лоиҳаи “Барқарорсозии низоми обёрӣ ва беҳтар намудани идоракунии об дар водии Зарафшон” ва дурнамои ҳамкориҳои минбаъда мубодилаи афкор намуданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар аснои мулоқот изҳор дошт, ки дар асоси супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар ба рушди соҳаи кишоварзӣ, беҳтар намудани вазъи таъминоти оби полезӣ, истифодаи самараноки захираҳои обӣ таваҷҷуҳи хоса равона шудааст.

Дар ин самт илова бар маблағгузориҳои давлатӣ дар ҳамкорӣ бо созмонҳои бонуфузи молиявӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ лоиҳаҳои мухлалиф низ татбиқ гардида истодааст. Яке аз чунин лоиҳаҳо “Барқарорсозии низоми обёрӣ ва беҳтар намудани идоракунии об дар водии Зарафшон” ба ҳисоб меравад, ки он то соли 2020 пурра татбиқ мегардад.

Чуноне инчунин иттилоъ дода шуд, лоиҳаи мазкур бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо ва Бонки умумиҷаҳонӣ ба маблағи беш аз 16 миллион доллари ИМА татбиқ шуда истодааст, ки ҳадафи асосии он беҳтар сохтани инфрасохтор ва ҳолати обёрӣ дар водии Зарафшон мебошад. Дар натиҷаи амалишавии лоиҳаи “Барқарорсозии низоми обёрӣ ва беҳтар намудани идоракунии об дар водии Зарафшон” таҷдиду навсозии пойгоҳҳои обкашӣ, инфрасохтори обрасонӣ ва дастгирии ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ба нақша гирифта шудааст ва бо анҷоми пурраи корҳо сатҳи обрасонӣ беҳтар гардида, заминҳои бекорхобида азхуд карда мешаванд.

Намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон вобаста ба корҳои анҷомёфта маълумот дода, қайд намуданд, ки дар доираи амалишавии лоиҳа агрегатҳои нав насб ва агрегатҳои фарсудаи пойгоҳҳои обкашӣ таъмир гардида, ҳолати каналҳои обрасонӣ беҳтар карда мешавад ва ҳамзамон обченкунакҳои замонавӣ насб мегарданд.

Меҳмонон инчунин иттилоъ доданд, ки дар самти беҳтар намудани вазъи обрасонӣ, таъмири пойгоҳҳои обкашӣ ва дигар иншооти обрасонӣ, тоза намудани канал ва заҳбуру заҳкашҳо ва бо ин васила бадланд бардоштани ҳосилнокӣ дар оянда низ лоиҳаҳои навро амалӣ хоҳанд кард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh