Иқтисоди миллӣ дар масири саноатикунонӣ

Санаҳои 7, 8 - уми июни соли равон дар Кохи фарҳанги Суғдиёни шаҳри Хуҷанд бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси байналмилалии илмӣ ва амалӣ дар мавзӯи «Баланд намудани рақобатпазирии иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ» бо иштироки олимону донишҷӯён, иқтисодшиносону соҳибкорон баргузор гардид.

Директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Рауф Олимӣ ба кори конфронс оғоз бахшид. Зикр бояд намуд, ки дар кори конфронс аз манотиқи мухталифи кишвар ва берун аз он, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Қирғизистон, Қазоқистон, Булғория ва Туркия ширкат варзиданд. Муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ паёми табрикотии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонд.

Ҳадафи асосии чорабинӣ баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ, дарёфти роҳҳои таъмини рушди босуботи иқтисодӣ дар саноатикунонии кишвар ва густариши доираи соҳибкорӣ дар шабакаи ҷаҳонишавӣ арзёбӣ гардид.

Маъмурахон САМАДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh