РОҲИ ХУҶАНД - ПАЛОС МУМФАРШ МЕШАВАД

Мардуми маҳаллаи Чашмаи Арзанаи шаҳри Хуҷанд аз мумфарш шудани роҳи автомобилгарди маҳалли зисташон изҳори шодмонӣ доштанд. Наздик 3 километр роҳи автомобилгарди самти Чашмаи Арзанаи шаҳри Хуҷанд аз ҷониби ширкати Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Тоҷ - Роуд» мумфарш хоҳад шуд.

Директори ширкат Раҳмон Тӯйчиев иброз дошт, ки мумфаршкунии роҳи мазкур дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, барои босифат ва саривақт мумфарш гардидани роҳ 5 мошини боркашон, 3 механизми асфалтхобонӣ, 4 асфалткӯбак, 2 таҷҳизоти ёрирасон, дар маҷмӯъ 20 адад мошин ба кор омодаанд. Барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо 3 техникаи пуриқтидор аз давлати Олмон оварда шуда, тавассути он дар як рӯз беш аз 1 километр роҳ мумфарш хоҳад гашт.

- Боиси хурсандист, ки ширкати роҳсозии мо мумфаршкунии 2,8 километр роҳи самти Чашмаи Арзана, 12,3 километр роҳи автомобилгарди самти шаҳраки Палоси шаҳри Бӯстон то ба Боғи миллии «Ваҳдат» - и ноҳияи Бобоҷон Fафуров ва ҳамчунин 16,4 километр роҳ аз даромадгоҳи ноҳияи Деваштич то маркази ноҳияро ба уҳда гирифта, алҳол кор дар ин самт бомаром пеш меравад. Роҳсозон ҳамарӯза наздик 1 километр роҳро бо паҳноии 7 метр обод гардонида, барои ин аз асфалти истеҳсоли заводи ватанӣ, ки дар минтақаи «Рухак» - и ноҳияи Бобоҷон Fафуров қарор дорад, истифода мебаранд. Иқтидори завод дар як соат истеҳсоли то 320 тонна асфалт буда, сифати он ҷавобгӯи стандартҳои ҷаҳонист. Муми часпак, шағал, қум, хокаи минералӣ ва дигар компонентҳое, ки таркиби асфалтро фарогиранд, аз лиҳози сифатнокӣ дараҷаи баландро дороанд,- қайд намуд Раҳмон Тӯйчиев.

Зикр бояд кард, ки айни замон 15 нафар мутахассиси ширкати роҳсозии «Тоҷ - Роуд» механизаторон Зафар Норматов, Хуршед Аҳмадов, Нуриддин Ҷобиров, прорабҳо Абдулатиф Қаҳҳоров, Хурсанд Абдулхайров, роҳсозон Валиҷон Убайдуллоев, Нӯъмон Саидхоҷаев бо роҳбарии Акмал Усмонов кӯшиш бар он доранд, ки дар муддати кӯтоҳ корҳои мумфаршкуниро ба анҷом расонанд.

Тазаккур бояд дод, ки барои иҷрои корҳо аз ҳисоби буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят беш аз 10 миллиону 500 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

 

Add comment


Security code
Refresh