Дар ноҳияи Зафаробод то имрӯз 134 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шудааст

13 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ба ноҳияи Зафаробод сафар намуд.

Ёдовар бояд шуд, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод сохтмони 400 иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст. Бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва азму талоши роҳбарият ва сокинони ноҳия аз оғози соли 2018 то имрӯз 134 иншоот мавриди истифода қарор гирифта, сохтмони даҳҳо иншооти дигар ҷараён дорад.

Аз ҷумла, имрӯзҳо дар доираи корҳои ободониву бунёдкорӣ таҷдиди Қасри фарҳанги шаҳраки Зафаробод идома дорад. Чуноне зимни шиносоии Раиси вилоят бо рафти корҳои навсозии иншооти фарҳангӣ иттилоъ дода шуд, Қасри фарҳанг соли 1971 бунёд ёфта, толори он барои 487 ҷойи нишаст пешбинӣ шуда буд.

Масоҳати худи бино 3200 метри мураббаъ буда, дар маҷмуъ майдони гирду атроф ва пайраҳаҳо 0,90 гектарро дар бар мегирад. Алҳол дар ин иншооти фарҳангӣ 12 нафар фаъолият дошта, 9 маҳфили гуногун амал менамояд. Дар бинои қаср бахши фарҳанг, китобхонаи марказӣ, китобхонаи бачагона, ансамбли шашмақомсароёни «Навои дил», ансамбли халқии тарона ва рақси «Зафар» ва осорхонаи таърихии ноҳия фаъолият мебаранд.

Бо назардошти таъмирталаб гардидани Қасри фарҳанг иншооти мазкур пурра навсозӣ карда шуда, барои кормандони соҳаи фарҳанг шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда мешавад.

Дар идомаи сафар Раиси вилоят дар Ҷамоати шаҳраки Зафаробод бо ҷараёни сохтмони кӯдакистони хусусӣ, ки аз ҷониби соҳибкор Шаҳло Кенҷаева бунёд гардида истодааст, ошно шуд. Кӯдакистон бо тарзу усули меъмории замонавӣ барои 100 нафар кўдак бо ташкил намудани 4 гурўҳ сохта мешавад. Майдони умумии кўдакистон 0,23 га буда, ба иттилои масъулин дар кӯдакистон барои омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ шароитҳо фароҳам оварда мешавад.

Сипас, Раиси вилоят аз Боғи фарҳангӣ - фароғатии ноҳия дидан намуда, рафти корҳои таҷдиду навсозии иншоотро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Чуноне таъкид гардид, бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳия азнавсозӣ карда шуда, ба макони воқеии истироҳату фароғати сокинон табдил дода хоҳад шуд.

Ба иттилои масъулин майдони умумии Боғи фароғатӣ - фарҳангии ноҳия 8,3 гектарро ташкил медиҳад. Дар боғи мазкур муҷассамаи фотеҳони Мирзочўл қомат афрохта, атрофи онро дарахтони ҳамешасабз ороиш медиҳад.

Дар идомаи боздид Раиси вилоят дар Ҷамоати шаҳраки Зафаробод корҳои сохтмонии Маркази ташхисию табобатии хусусиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

Тавре иттилоъ дода шуд, Маркази ташхисию табобатӣ аз ҷониби соҳибкор Абдусалом Холматов бунёд гардида истодааст. Бинои ташхисию табобатӣ бо тарзу усули меъмории замонавӣ сохта шуда, аз ду ошёна иборат мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh