Бунёди иншоот - тавлиди ҷойи корӣ

Ҳамаи мо вазифадорем, ки бо шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва сулҳу оромии кишвар, ба хотири фардои неку ободи Ватанамон ҳарчи бештар заҳмат кашида, Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонем.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии деҳот солҳои 2019 - 2021 - ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуданд. Дар робита ба он ва омодагӣ ба ҷашни бузурги таърихии 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нақшаи чорабинӣ омода сохта, масъулини ҷамоат дар асоси он амал намуда истодаанд.

 Бо мақсади сохтмону барқарорсозии беш аз 40 номгӯй иншоот вобаста ба самти инфрасохторӣ, таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокию полезӣ, ободонии маҳаллаҳо, таъмири роҳҳо, беҳтаргардонии соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, кишоварзию саноат хеле корҳо ба сомон расонида шуд.

Соли 2018 ва имсол бо ҷонибдории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия фаъолону соҳибкорон, масъулини корхонаю ташкилотҳо ва дастгирии аҳолӣ ба сохтмони бинои нуқтаи ёрии таъҷилӣ, толори ҳусн, майдончаҳои варзишӣ, хонаи саломатӣ ва дигар иншооти ёрирасон оғоз намуданд. Дар соли сипарӣ дар ҷамоат бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорон дар ҳудуди ҷамоат бинои ёрии таъҷилӣ, ду толори варзишӣ ва ду майдончаи варзишӣ, дар назди мактаб - интернат майдончаи варзишӣ, дар маҳаллаи Баҳористон дар масофаи 15 километр сохтмони хатти оби нӯшокиро ба истифода доданд, ки аз он алҳол 320 хоҷагӣ истифода мебаранд.

Дар ободонии деҳот саҳми дӯстдорони Ватан - соҳибкорон низ назаррас аст. Соли сипарӣ соҳибкор А. Раҳмонов дар назди бозори «Самеъ - Раҳмон» сохтмони бинои иловагиро ба итмом расонида, барои 16 нафар ҷойи кори доимиро муҳайё сохт. Чунин саховатпешагон, ба монанди З. Расулов, И. Зиёбоев, Наим Ҳоҷибоев аз ҳисоби худ дар маҳаллаи Баҳористон сохтмони истгоҳ ва мағоза, дар маҳаллаи Бахт сохтмони нонвойхона ва мағозаю нуқтаи таъмири нақлиёт ва ошхонаро ба истифода дода, вазъи иқтисодии 15 оиларо беҳ сохтанд.

Муовини раиси Ҷамоати деҳоти Хистеварз М. Ҷӯрабоева зикр кард, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия дар соли 2019 - ум низ бунёди якчанд иншоот ба нақша гирифта, аксари он ба истифода дода шудаанд. Соли равон бо иқдоми соҳибкор Олим Зуҳуров дар маҳаллаи «Қинтириқ» бинои тӯйхонаи замонавӣ ба истифода дода шуда, панҷ нафар бо ҷойи корӣ таъмин гардид. Бинои иловагие, ки дар назди МТМУ рақами 80 бунёд гардид, дорои панҷ синфхона ва хонаи муаллимон буда, дар он дар ду баст 320 нафар толибилми наврас таҳсил намуда истодаанд.

Бахшида ба ҷашни бузурги дарпешистода дар бунёди иншооти замонавӣ саҳми соҳибкорон, фаъолони ҷамоат ва аҳолӣ хеле назаррас мебошад. Саховатпешагони деҳа Э. Ҳакимов дар сохтмони ҳаммом дар маҳаллаи Баҳористон, бо иқдоми як гурӯҳ соҳибкорон Хонаи саломатӣ дар маҳаллаи Ҷавғал, А. Раҳимов дар бунёди бинои коргоҳ (офис) дар маҳаллаи Ҷӯи Муғул, Ғ. Раҳимов дар иншооти сехи дӯзандагию мағоза ва М. Самадов дар бинои Маркази хизматрасонӣ, табобатӣ ва савдо дар маҳаллаи Баҳористон саҳми арзанда гузошта истодаанд. Пас аз қомат афрохтани иншооти номбурда беш аз 90 ҷойи кори доимӣ муҳайё хоҳад шуд.

Ҳамчунин, сохтмони нуқтаи шустушӯи нақлиёт, посбонхона, мағозаи хӯрокворӣ, сартарошхона дар маҳаллаҳо ва шоҳроҳи Хуҷанд – Конибодом дар назар дошта шудааст.

Чанде пеш бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ дар назди саҳни бинои ҷамоат сохтмони поя барои гузоштани Парчами давлатӣ оғоз гардида, он то анҷоми соли равон ба истифода дода мешавад.

Умуман, дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров панҷ бозори хусусӣ, 21 чойхона, шаш нонвойхона, ҳафт тӯйхона, 24 мағозаи калон ва якчанд нуқтаҳои хӯроки умумӣ ва ҳаммому сартарошхонаҳо ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.

 Тавҳида ҶӮРАЕВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh