Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни насби таҷҳизот дар зеристгоҳи барқии ”Темурмалик”

17 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни насби таҷҳизот дар зеристгоҳи барқии ”Темурмалик” – и шаҳри Хуҷанд шинос гардид.

Чуноне иттилоъ дода шуд, чанде қабл дар зеристгоҳ ду адад трасформатори 25 000 кВА насб карда шуд ва айни ҳол насби дигар таҷҳизоти зарурӣ барои қабул ва интиқоли нерӯи барқ идома дорад. Корҳои сохтмонии зеристгоҳ аз тарафи мутахассисони корхонаи “Тоҷикгидроэлектромантаж” ба анҷом расонида мешавад.

Ёдовар бояд шуд, ки сохтмони зеристгоҳи нави барқии «Темурмалик» моҳи июли соли гузашта бо маблағгузории Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд дар ҳаҷми 4 миллион доллар оғоз ёфта буд. Бо фаъол гардидани ин зеристгоҳ зеристгоҳҳои дигари шаҳр камбор гардида, талафоти нерӯи барқ низ кам хоҳад шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh