Баргузории Форуми ҳамкории байниминтақавӣ, имкониятҳо ва дурнамо

Нимаи дуюми рӯзи 21 июн дар доираи барномаи Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2019" дар Кохи фарҳанги "Суғдиён" Форуми ҳамкории байниминтақавӣ, имкониятҳо ва дурнамо баргузор шуд.

Дар кори Форум Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини якуми раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ, намояндаи ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Акрам Мадумаров, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Иванов, муовини раиси вилояти Мински Ҷумҳурии Белорус Игор Макар, муовини ҳокими вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Муҳсинхуҷа Абдураҳмонов, роҳбарону намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва доираҳои тиҷоратӣ иштирок намуданд.

 

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh