АСАЛИ ВЕШАБ – БЕҲТАРИН

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти аз гиёҳҳои шифобахш бой будани кӯҳҳои кишварамон таъкид бар он мекунанд, ки ба рушду такомули соҳаи занбӯриасалпарварӣ эътибори ҷиддӣ дода, ба ин васила ба беҳбудии саломатии сокинони кишвар мусоидат намуда, ҳамчунин мувозинаи табиии муҳити зисти диёрамон пойдор нигоҳ дошта шавад.

Ба ин дастуру ҳидояти Сарвари мамлакат дар ноҳияи Айнӣ эътибор сол аз сол афзун мегардад. Вақте ки асали шаҳдбору хушлаззати аз гиёҳҳои кӯҳии деҳаи Вешаб ба дастовардашудаи занбӯрпарвар Руқиябонуро дар ташхисгоҳи шаҳри Франкфурти кишвари Олмон аз ҷиҳати шифобахшӣ, таъми ширин ва сифатнокӣ санҷида диданд, он байни асалҳои шифоии тамоми кишварҳои ҷаҳон беҳтарин дониста шуд ва сазовори ҷойи якум гардид. Руқиябону аз заҳмати кашидаи худ қаноатманд шуд ва ният кард, ки сол аз сол теъдоди оилаи занбӯрашро афзун хоҳад кард…

Оғози моҳи июн, дар Иди асал дар пойтахти кишварамон - шаҳри Душанбе бо маҳсулоти худ - асали куҳии моҳи май бадастовардааш ширкат карда, Руқиябону сазовори таҳсин гашт ва маҳсулоташро ҳамагон таърифкунон чашиданду харидоранд. Соли дуҳазору чаҳордаҳум кормандони ташкилоти ҷамъиятӣ, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолияти ташкилотчигӣ мебурданд, бо назардошти афзун будани намудҳои гиёҳҳои кӯҳии шифоӣ дар ноҳияи Айнӣ, дар Ҷамоати деҳоти Шамтуч, аз ҷумла деҳаҳои Дарғ, Каздон, Шамтуч ва Вешаб 17 нафар бонуро ба занбӯриасалпарварӣ ҷалб намуда, ба онҳо 5 қуттигӣ оилаи занбӯр тақсим карда доданд. Баъди чанд муддат ду нафар - Руқия ва дугонааш ба мулки Олмон барои шиносоӣ бо вазъи соҳаи кишоварзии ин давлат, аз ҷумла занбӯрпарварӣ ва боғдорӣ сафар намуданд. Руқиябону шоҳид гашт дар он сарзамин мардум ба нигоҳубини занбӯри асал он қадар шавқу рағбати беандоза доранд, ки ҳатто бачагон аз синни даҳ - ёздаҳсолагӣ ба нигоҳубини занбӯр шурӯъ мекунанд.

Ба назари онҳо заҳмати беандозаи нигоҳубини занбӯри асал намоён нест, балки муҳим он аст, ки дар кӯҳу ёлаҳо, дашту теппаҳо аз ҳавои софу дилкаш ва накҳати гулу гиёҳҳои худрӯй нафас гиранд ва ҷисмашон ба табиб ниёз надошта бошад. - Ба андешаи Шумо сабаби асосии сазовори номи ангубини беҳтарини ҷаҳон гардидани асали Вешаб дар чист? - суол мекунам аз бонуи занбӯрпарвар. - Рост мегӯед, мутахассиси ин соҳа набуда, ҳанӯз аз сирру асрори он бо пуррагӣ огоҳ низ нестам, - мегӯяд Руқиябону,- вале медонам, ки даҳҳо намуди гиёҳҳои шифоии деҳаи мо - зира, зирк, ширеш, кокутӣ, ки дар баландкӯҳҳо мерӯянд, дар ҳеҷ ҷои дунё дида намешаванд. Ана ҳамин гиёҳҳои нодиранд, ки таъму лаззат ва хосияти шифоии асалро нотакрор мегардонанд. Бояд бигӯям, ки манзараҳои кӯҳҳои деҳа низ аҷаб афсонавианд.

Вақте ба ман пешниҳод карданд, ки бо занбӯрпарварӣ машғул шавам, пеш аз ҳама баҳри саломатии аҳли оилаам аҳд намудам, ин ҷодаро пеш гирам. Машғул шудан бо ин пеша барои ман завқу ҳаловат мебахшад. - Чунонки маълум аст, давоми мавсими аз гулу гиёҳҳо шаҳду гардҷамъкунии занбӯр, яъне баҳору тобистон қуттиҳоро аз як мавзеъ ба мавзеи дигар бурдан лозим меояд. Ин ба Шумо, ҳамчун бону мушкилӣ пеш намеорад ё бо аҳли оила якҷоя фаъолият мебаред? - Дар оила танҳо худам бо ин касб машғул ҳастам. Ҳама фарҳангием ва фарзандонам - се писару як духтарам ҳар кадоме шавқ ба соҳаҳои худ доранд. Ҳоло қуттиҳои занбӯри асал дар деҳаи Тагоб 6 - 7 километр дуртар аз деҳа ҷойгир аст.

 Вақте мавсими гулу гиёҳҳо дар ин мавзеъ ба охир мерасад, ба ҷойи дигар мекӯчонам. Як нозукии нигоҳубини занбӯри асал дар он аст, агар дар гулҳои мавзее, ки аз он ҷо занбӯрҳо гард ҷамъ меоранд, шакарак пайдо шавад, занбӯр наметавонад шаҳду гарди гул ҷамъ оварад. Он вақт лозим меояд, қуттиҳои оилаи занбӯри асалро ба майдонҳои боғоти деҳаҳо кашонем. - Давоми мавсим чанд маротиба асал мегиред? - Занбӯр аз моҳҳои апрелу май ба овардани шаҳд шурӯъ мекунад.

Нимаи дуюми моҳи июн ҳосили нахустин - асали моҳи майиро ҷамъ меорем. Моҳи август маротибаи дуюм асал мегирем. Асалеро, ки охири тобистону даромади тирамоҳ тайёр мешавад, намегирам. Онро барои зимистонгузаронии занбӯр ба захира мемонам. Ин тадбир барои он аст, ки дар мавсими сармо шакар надиҳем. Вақте занбӯр дар зимистон асали худро чун ғизо истеъмол мекунад, тухми солим мегузорад. Бо чунин усул ҳам ман тавонистам имрӯз оилаи занбӯрамро ба даҳ адад расонам…

Аслан ин зани меҳнативу иродатманд - Руқиябону Назарова корманди китобхонаи Ҷамоати деҳоти Шамтучи ноҳияи Айнӣ мебошад. Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷандро хатм кардаву тайи чандин сол инҷониб дар соҳаи фарҳанг фаъолият мебарад. Ҳамчун бонуи фаъола баҳри ба ҳунарҳои миллӣ ҷалб намудани занону духтарон, ба озмунҳо пешниҳод гардонидани дастранҷи бонувони деҳот кор мебарад. Узви ташкилоти ҷамъиятии «Зарафшон» - и ноҳия дар самти занбӯрпарварӣ аст. Чунонки сарвари ташкилоти ҷамъиятӣ Ҳусейнбой Султонов иброз дошт, алҳол ин ташкилот 64 нафарро ба фаъолияти занбӯрпарварӣ ва боғдорӣ ҷалб намудааст, ки аз ин теъдод 34 нафар бонувонанд.

Ҳабдаҳ нафар бону бо занбӯриасалпарварӣ фаро гирифта шудаанд ва ҳар кадоме мувофиқи қобилияту истеъдод ва завқу рағбат аз ҳар оилаи занбӯр 15 - 20 килограммӣ асал ба даст оварда истодаанд. Ҷоиз ба зикр аст, ки рушду такомул бахшидан ба соҳаи занбӯрпарварӣ аввалан ба солим нигоҳ доштани табиати диёрамон нақши муассир дошта бошад, аз ҷониби дигар баҳри афзун намудани чунин маҳсулоти шифобахш ва ба ин васила таъмини амнияти озуқавории мамлакат мусоидат хоҳад кард.

Рафоат МӮЪМИНОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh