ЯК ПАҲЛУИ ВУСЪАТИ ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ

Дар вилояти Суғд ҷамъоварии нахустҳосили деҳқон - пилла вусъати тоза гирифтааст. То имрӯз бино ба иттилои сардори идораи абрешимчигии вилоят Парвиз Бегматов дар миқёси вилоят 284 тонна пилла ҷамъоварӣ шудааст, ки ин нишондиҳанда 70,1 фисади дурнаморо ташкил медиҳад. Ин рақам нисбат ба ҳамин даври соли рафта ба андозаи 4,6 фисад зиёд мебошад.

Агар ҷараёни супоридани пилларо дар сатҳи 12 ноҳияи кирмакпарвари вилоят таҳлил кунем, пас соли равон кирмакпарварони ноҳияи Деваштич ҳосили рекордӣ рӯёниданд. Дурнамои истеҳсоли пилла ба андозаи 160 фисад ба иҷро расида, дар нуқтаҳои қабул ба ҷои 5,7 тонна 9 тонна пиллаи хушсифат захира шудааст. - Дар солҳои соҳибистиқлолӣ бори нахуст аст, ки мо ба чунин комёбӣ ноил гардидем, - мегӯяд сардори ҶСФ «Пиллаи Деваштич» Мӯниса Файзиева, - омили муваффақият дар он аст, ки роҳбарияти ноҳия аз тақсимоти тухмии кирмак сар карда, то расидани ҳосил шахсан назоратро пурзӯр карданд ва дастгириҳои зиёда ҳам шуд.

Инак, дар вилоят пиллаи хом захира шудааст. Ҷараёни коркарди он чӣ? Имсол чӣ гуна хоҳад шуд? Воқеан ҳам бобати ин масъала дар як ҷаласаи фаъолон Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини соҳа дастур дода буд, ки «минбаъд ягон килограмм пилла аз қаламрави вилоят берун бароварда нашавад. Бояд тамоми ҳосил пурра дар корхонаи муштараки «ВТ – Силк» коркард шавад!». - Рости гап, дастури Раиси вилоят моро басо шодумамнун кард, - мегӯядмуовини сарвари кулли КМ «ВТ - Силк» Матлуба Бобоева, - охир тайи ду соли охир коргоҳи мо бинобар набудани ашёи хом фаъолият надошт.

Мутаассифона, ҳосили ба даст меомада берун аз қаламрави ҷумҳурӣ бароварда мешуд. - Соли рафта барои овардани як миқдор пилла, ба хотири он ки ақаллан чанд моҳ 250 нафар коргар бо кор таъмин шаванду маош гиранд, ба қавле азоби алим кашидем, - ба суҳбат ҳамроҳ шуд, сартехнологи коргоҳ Абдушариф Ҳоҷибоев, - барои овардани 10 тонна пилла аз навоҳии ҷануб шабро дар роҳ саҳар кардем гӯем, муҳобот нест. Ҳазор раҳмат ба Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, ки имсол тибқи супориши қатъии он кас тамоми ҳосил барои коркард ба корхонаи мо оварда мешавад.

Аз рӯи гуфти масъулин айни ҳол 250 тонна пиллаи парваришнамудаи кирмакпарварони вилоят дар коргоҳ захира ва воқеан ҳам соли ҷорӣ ҳосили бадастомада пурра дар ин муассиса хушк карда мешавад. То ин дам амалиёти хушккунӣ бевосита дар худи идораҳои абрешимчигии шаҳру навоҳии вилоят сурат мегирифт. Сабаби инро А.Ҳоҷибоев ин тавр шарҳу эзоҳ дод: - Гап ба сари он, ки дар дастгоҳи мо 7 тарзи хушккунии пилла комилан аз рӯи талаботу меъёрҳои технологӣ риоя мешавад. Аниқтараш, ҳосил дар ҳарорати то 120 дараҷа гармӣ хушк карда мешавад, ки албатта, ин ба сифату миқдори баромади нахи абрешим таъсири мусбати худро мерасонад. Бино ба гуфти сартехнолог аз пиллаи хом то баромадани нахи абрешим боз чанд паҳлуи дигари истеҳсолӣ мавҷуд аст.

Баъди хушк кардани пилла коргарон онро дар сехи махсус ба навъҳо ҷудо мекунанд. Ба ин амалиёт 30 нафар коргар ҷалб гардида, рӯзе то 500 - 600 килограмм пилла тақсим карда мешавад. Баъдан пиллаи хушкида аз 20 то 90 дараҷа гармӣ пухта мешавад. Тарзи навбатӣ дарёфти нӯги риштаи абрешим аст. Баъдан риштакашиву калобаресӣ сурат мегирад. - Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон шудани ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат ва ҳамзамон дастгирии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода оид ба пурра дар вилоят коркард шудани пилла басо мувофиқи табъ шуд, - илова намуд, муовини сарвари кулл М.Бобоева. - Басо бо умед ҳосилро захира намуда истодаем, ки ниятамон тамоми сол бо кор таъмин будани коргарон аст. Охир тайи ду соли бефаъолиятӣ мутахассисони варзидаро аз даст додем.

Онҳо дар ҷустуҷӯи кор ба дигар корхонаҳо ва ҳатто ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанд… Бояд тазаккур дод, ки маъмурияти коргоҳ бо мақсади дастгирии кирмакпарварон соли равон нархи ҳар килограмм пиллаи хомро нисбат ба соли пешин ба андозаи 30 фоиз баланд бардоштааст. - То имрӯз зиёда аз 3,5 миллион сомонӣ заҳмати кирмакпарваронро ҳақгузорӣ кардем, - мегӯяд Матлуба Тоҳировна, - ин миқдор маблағ нисбат ба соли пешин хеле зиёд аст. Аниқтараш, 665 ҳазору 280 сомонӣ вақти тақсимоти кирмак ва 2 миллиону 892 ҳазору 373 сомонӣ вақти супоридани ҳосил пардохт кардаем. Баъди гузаронидани санади муқоисавӣ ба ҳисоби миёна ба ҳар килограмм пилла то 17 сомонӣ вобаста ба навъу сифаташ пардохт хоҳем намуд.

Ногуфта намонад, ки Корхонаи муштараки Тоҷикистону Вйетнам «ВТ - Силк» ягона дар ҷумҳурӣ аст, ки дар он аз пиллаи хом риштаи абрешим истеҳсол мешавад. Иқтидори истеҳсолии он чун замони шӯравӣ – коркарди 500 тонна ашёи пурқиммати саноатӣ дар 1 сол боқӣ мондааст. Биноан ҷомеаи меҳнатӣ имкон дорад, имсол ва солҳои дигар аз 400 тонна (тибқи дурнамои имсола) зиёдтар ашёи хомро коркард намояд.

Дар навбати худ маъмурияти муассиса баъди чунин дастгирии роҳбарияти вилоят тасмим гирифтааст, соли равон самаранокии истеҳсолотро аз будаш боз ҳам баланд бардошта, рӯзҳои наздик хатти технологии коркарди пилларо пурра ба кор андозад. Дар ин ҳолат 250 нафар коргар бо кор ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд. Айни ҳол танҳо ду марҳалаи коркарди пилла - қабулу хушккунонии ин ашёи хоми пурбаҳои саноати миллӣ ҷараён дорад.

Нодир ТУРСУНЗОДА ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh