Азхудкунии заминҳои бекорхобида ба беҳтар шудани шароити зиндагии садҳо хонавода мусоидат менамояд

Рӯзи ҷумъаи 5 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва рафти корҳои ободониву созандагӣ ба ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ сафари корӣ анҷом дод.

Дар оғози сафар Раиси вилоят дар мавзеи “Дашти Фалахмон”-и ноҳия бо нашъунамои зироатҳо ва лоиҳаи обёрии заминҳои мавзеъ шинос гардид. Тавре иттилоъ дода шуд, дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминҳои бекорхобида азхуд карда шуда, барои сокинони минтақа ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешавад.

Маҳз дар партави дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар мавзеи “Дашти Фалахмон” ба масофаи 5 километр қубур хобонида шуда, беш аз 250 гектар замин обёрӣ карда шуд. Дар заминҳои азхудшуда сокинони деҳаҳои Мадрушкат, Лангар ва Хайробод кишти картошкаро ба роҳ мондаанд ва чуноне мушоҳида гардид нашъунамои картошка хеле хуб аст.

Раиси вилоят дар суҳбат бо роҳбарият ва кишоварзони ноҳия таъкид кард, ки дар шароити куҳсор бояд ҳар як ваҷаб замин самаранок истифода бурда шавад.  Зикр карда шуд, ки дар сурати истифодаи самараноки заминҳои “Дашти Фалахмон” метавон беш аз 100 000 тонна картошка истеҳсол намуд. Ҳамчунин ташкили ҳавзҳои моҳипарварӣ ва сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулоти хоҷагии қишлоқ дар ин мавзеъ муҳим арзёбӣ карда шуд.

Ёдовар бояд шуд, ки ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ аз ҷумлаи навоҳии кишоварзӣ ба шумор рафта, деҳқонони соҳибтаҷрибаи ин минтақа дар парвариш ва кишти картошка таҷрибаи хуб доранд. Афзун намудани майдони кишти картошка аз ҳисоби заминҳои бекорхобида мувофиқи мақсад буда, ба беҳтар шудани шароити зиндагии садҳо хонавода мусоидат менамояд. Айни замон дар ин заминҳо деҳқонон бо дасту дили гарм меҳнат намуда истодаанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Add comment


Security code
Refresh