Шиносоии Раиси вилоят бо рафти бунёди майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон сохтмони майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.

Нимаи дуюми рӯзи 8 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздиди кории худ аз шаҳри Гулистон рафти корҳои сохтмонии иншооти мазкурро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар масоҳати 0,5 га сохта шуда, тибқи лоиҳа дар майдон гулгашт, шаршара ва фаввораҳо низ бунёд хоҳад шуд. Ба иттилои мутахассисон баландии сутунпояи Нишони давлатӣ 15 метрро ташкил медиҳад.

Фармоишгари иншоот Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон буда, пудратчӣ ҶДММ «Авитсенна» мебошад.

Раиси вилоят дар асноӣ шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ таъкид кард, ки шаҳри Гулистон яке аз минтақаҳои сайёҳии мамлакат маҳсуб меёбад. Бинобар ин зарур аст, ки ба ороиши майдони бунёдшаванда диққати махсус дода шавад.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон ба масъулин ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлати пешбинишуда ба истифода додани майдони Нишони давлатӣ супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh