Ташаббус ва натиҷаи пурсамар

Дар ноҳияи Шаҳристон ҷиҳати татбиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 - юми майи соли 2018 «Оид ба омодагӣ ба ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодааст.

Ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашн амри раиси ноҳия «Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳои вобаста намудани масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба деҳаҳои ноҳия оид ба сазовор истиқбол намудани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, мавриди амал қарор дода шудааст.

Масъулини вобастагардида вазъи ҳар як деҳаро омӯхта, бо назардошти масъалаҳои беҳтар гардонидани корҳои ободонию бунёдкорӣ, созандагию кабудизоркунӣ, таъмиру тармими манзилҳои стиқоматии шаҳрвандон, ба тариқи замонавӣ азнавсозии деворҳои қадди роҳ, сохтмони иншооти хизматрасонию маишӣ, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, муассисаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, таъмиру тармими ёдгориҳои таърихӣ, ташкил намудани меҳнати хонагии қолинбофии дастӣ ва дигар корҳои ободонӣ нақшаи чорабиниҳоро вобаста ба деҳа таҳия ва мавриди амал қарор додаанд.

Дар ноҳия бахшида ба сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 68 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст. То ба имрӯз 29 иншоот, аз қабили муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ, яъне Қасри фарҳанг, тиббӣ, дорухона, майдончаи варзишӣ, сартарошхона, кошонаи ҳусн, марказҳои савдою хизматрасонӣ, сехи дӯзандагӣ ва дигар намуди иншоот мавриди истифода қарор гирифтанд.

Инчунин, бахшида ба ҷашн чандин тадбирҳои дигар, аз он ҷумла қумфаршкунии роҳҳову чароғонкунии кӯчаҳо ба анҷом расонида шудааст.

Санаи 25 - уми июни соли равон дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вализода Икромиддин Сироҷиддин дар фазои тантанавӣ дар деҳаи Чашмасори Ҷамоати деҳоти Шаҳристон бо ташаббуси соҳибкор Санҷар Ортиқбоев сохтмони бинои мағоза, дар деҳаи Фирдавсии Ҷамоати деҳоти Шаҳристон дар қадди шоҳроҳи Хуҷанд - Душанбе бо ташаббуси соҳибкор Набиҷон Пӯлодов нуқтаи такягоҳи занбӯрпарварӣ, фурӯши асал ва ошхона, дар деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Бунҷикат аз тарафи соҳибкор Анвар Ҳотамов бинои мағоза мавриди истифода қарор дода шуданд.

Бояд зикр намуд, ки нуқтаи такягоҳи занбӯрпарварӣ, фурӯши асал ва ошхона аз тарафи соҳибкор Набиҷон Пӯлодов ба маблағи 1 миллиону 130 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.

Дар нуқтаи такягоҳи занбӯрпарварӣ 800 оилаи занбӯри асал парвариш ёфта, гӯшаи фурӯши он ташкил шудааст.

Дар ошхона низ ба мусофирон, сайёҳони дохиливу хориҷӣ шароити хуби хизматрасонӣ муҳайё буда, 8 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд.

Сокинони ноҳия минбаъд низ бо шукронаи соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ, азму иродаи мустаҳкам корҳои ободонию бунёдкорӣ ва созандагиро бо рӯҳияи баланди ифтихори миллӣ, меҳнати софдилонаю суботкорона вусъат бахшида, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кӯшишу ғайрати худро баҳри татбиқи нақшаву ниятҳои нек, пешрафту тараққиёти ноҳия ва сазовор истиқбол намудани ҷашни бузурги миллии 30 – солагии Истиқлолият равона менамоянд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
Истамҷони НАҶМИДДИН,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh