Мақсаду мароми нек

Чун маориф яке аз соҳаҳои қобили таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба шумор меравад ва минбаъда рушду нумӯи кишварамон маҳз аз саводноку бомаърифат будани наслҳои оянда тавъам аст, дар ноҳияи Спитамен бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дастгирии соҳибкорон ва саховатмандон дар Ҷамоати деҳоти Истиқлол бинои дуошёнаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 сохта, ба истифода дода шуд. Бинои мазкур дорои 11 синфхона ва 1 ҳуҷраи омӯзгорон буда, дар он 550 нафар хонанда дар ду баст таҳсил мекунанд.

Барои ҷалби бештари ҷавонон ва наврасон ба варзиш дар нимсолаи аввали соли равон дар Ҷамоати шаҳраки Навкат аз ҷониби соҳибкорон М.Самадов ва О.Абдураҳмонов ду маҷмааи майдончаи варзишӣ ва бозии бачагона бунёд карда шуд. Инчунин, дар Ҷамоати деҳоти Куруш аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Спитамен текстайл» комплекси майдончаи варзишӣ ва бозии бачагона сохта шуда, мавриди истифода қарор дода шуд. Бо ташаббус ва ҳамкории Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Хуҷанд ва дастгирии мардуми маҳаллӣ, инчунин мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҷамоатҳои деҳоти Куруш ва Тағояк як ададӣ майдончаи варзишӣ бунёд шуда, он моҳи апрели соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар ҳудуди ноҳия моҳи июни соли равон марҳалаи дуюми фаъолияти Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Норд Азия Металл» оғоз гардида, дар корхона истеҳсоли боми металликӣ ба роҳ монда шуд. Марҳалаи дуюми фаъолияти коргоҳ 20 нафар сокинро бо ҷойи кори доимӣ ва музди маош таъмин намуд.

Ҳамзамон, дар шаш моҳи соли 2019 сехи иловагии ҶДММ «Зуҳал КО» низ ба истифода дода шуд. Сехи иловагии корхона бо банду басти хушкмева ва мағзи зардолу машғул буда, пас аз ба кор даровардани он 11 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Соҳибкорони ноҳия низ 11 адад истгоҳи нақлиётиро дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия пурра бо тарҳи замонавӣ таъмир намуданд.

Раиси Ҷамоати шаҳраки Навкат Муаттара Убайдуллозода зимни суҳбат иброз дошт, ки нақшаи чорабиниҳои ҷашнии ба ҷамоат мансуббуда 76 бандро ташкил дода, 48 адади он ба пуррагӣ иҷро гардидааст, ки 64 фоизи нақшаи чорабиниҳоро ташкил медиҳад.

Дар ҳудуди ҷамоат корҳои ободонӣ амсоли мумфарш кардани роҳҳо, таъмир ва рангуборкунии биноҳо, таъсиси нуқтаҳои хизматрасонӣ, азнавсозии 10 истгоҳ ва таъмиру чароғон намудани пули кӯчаи Спитамен доир гардидааст.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар якҷоягӣ бо мардум баҳри боифтихор ва сарбаландона ҷашн гирифтани санаи фархундаи миллат пайваста кӯшиш ба харҷ дода истодаанд. Бо комёбиҳои нави меҳнатӣ, ободониву шукуфоии Ватани азизамон ва дастовардҳо сазовор ҷашн гирифтани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсаду мароми халқ гаштааст ва ҳар як фард имрӯз дар ин ҷода фаъол аст.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh