Мақсади бонки миллӣ: НИГОҲ ДОШТАНИ САТҲИ ТАВАРРУМ

Маҷмӯи маҳсулоти дохилии вилоят дар шаш моҳи соли равон 7,8 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 6,8 фоиз зиёд мебошад. Яке аз нишондиҳандаҳои асосие, ки ҳадафи фаъолияти бонки миллӣ ва ташкилоти қарзии вилоят ба ҳисоб меравад, нигоҳ доштани сатҳи таваррум аст.

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ сатҳи таваррум 3,9 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,4 фоиз зиёд мебошад. Зимни нишасти матбуотӣ мудири шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наврӯз Валиев ба рӯзноманигорон гуфт, ки тамоми сохторҳои иқтисодии вилоят барои беҳтар намудани ҳолати савдои хориҷӣ тадбирҳо меандешанд. Нишондиҳандаҳои савдои хориҷӣ моро ба ташвиш меорад.

 Гардиши савдои хориҷӣ 1 миллиарду 11 миллион доллари амрикоиро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин даври соли сипаришуда 0,7 фоиз зиёд аст. - Яке аз нишондиҳандаҳои асосие, ки боиси нигаронист, ин содироти мол аз тарафи субъектҳои хоҷагидори вилоят аст, ки дар ин давра 224,5 миллион долларро ташкил дода, нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 20,2 фоиз коҳиш ёфт, - афзуд Наврӯз Валиев.

Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин бобати дастгирии рушди иқтисодиёти миллӣ, нигоҳ доштани сатҳи таваррум, суботи низоми қарзӣ, вусъат бахшидан ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, такмил додани идораи кооперативӣ, ҷалби сармояи дохиливу хориҷии арзон, паст кардани фоизҳои қарзӣ ва умуман истифодаи намудҳои гуногуни хизматрасонии муосири бонкӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии бонкӣ маълумот дода шуд. Аз ҷониби рӯзноманигорон бо масъулин, роҳбарон ва намояндагони бонкҳо доир ба фаъолияти ташкилоти қарзӣ суолу ҷавоб доир гардид.

Ш.СИДДИҚ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh