Воридот ва савдои маҳсулоти пастсифат то ҳол ҷой дорад!

Директори Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар вилояти Суғд Муҳаммадӣ Давлатов зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон оид ба ҷамъбасти фаъолияти Марказ дар шашмоҳаи аввали соли 2019 маълумот дода, қайд кард, ки дар вилоят 1602 санҷиши назорати давлатӣ гузаронида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 адад зиёд мебошад. Дар рафти санҷиш дар 1830 субъекти хоҷагидор камбудиву қонуншиканӣ ошкор намуда, ба маблағи 309220 сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ таъин карданд.

Дар самти пешгирии воридот ва савдои молу маҳсулоти пастсифат дар бозорҳо ва марказҳои савдо Муҳаммадӣ Давлатов гуфт, ки чанд номгӯи маҳсулоти муҳлати истеъмолаш гузашта, ғайристандартӣ ва бе сертификат, аз ҷумла маҳсулоти хӯрокворӣ, чойи хушки сиёҳ, равғани растании нахл, нӯшокиҳои спиртӣ, нӯшокиҳои ташнашикан, қандчаҳои хитоӣ, тухми мурғ, маҳсулоти гӯштӣ, қаннодӣ ва ширӣ ошкор ва мусодира шуданд. Дар маҷмуъ маблағи умумии маҳсулоти пастсифат, муҳлати истеъмолаш гузашта, бе сертификат ва бо роҳи қочоқ воридгардида зиёда аз 3.956593 сомониро ташкил дод.

Доир ба натиҷаи фаъолияти шуъбаҳо Муҳаммадӣ Давлатов қайд кард, ки фаъолияти шуъбаҳои бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонии Маркази вилоят ва марказҳои ташхиси минтақавӣ 337 корхонаи истеҳсолӣ ва хизматрасонии шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои омӯзишӣ ва тарғиботию фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд, ки нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 11 адад кам гардидааст. Дар ин радиф дар ҳамкорӣ бо прокуратураи ҳарбӣ вобаста ба маҳсулоти хӯрокаи қисмҳои ҳарбӣ 6 санҷиши муштарак гузаронида шуда, як қонунвайронкунӣ ошкор ва ба маблағи 550 сомонӣ ҷарима баста шуд.

Дар нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон бобати сифати маҳсулоти воридгардида, аз ҷумлаи бозичаҳои бачагона, маҳсулоти хӯрока ва либос, қочоқи молу маҳсулот, таъминот бо таҷҳизоти муосир ва низоми идоракунии сифат суолу ҷавоб доир карданд.

Ш.СИДДИҚ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh