Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи касбии сохтмончиён

Дар арафаи солгарди Иди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари мо Рӯзи касбии сохтмончиён таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат кулли сохмончиён, лоиҳакашон, меъморон ва ҳамаи онҳоеро, ки дар бунёди иншоотҳои ҳаётан муҳим саҳмгузор ҳастанд, табрику таҳният мегӯям. Ба ҳамаи шумо тансиҳативу хотирҷамъӣ, саодати рӯзгор ва дастархони пурнишотро таманно дорам.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид менамоянд, ки бинокорон дар сохтмони иншоотҳои азими аср, муассисаҳои маорифу нигоҳдории тандурустӣ, фарҳанг, хонаҳои истиқоматӣ саҳми мушаххас доранд ва дар ободу зебо гардонидани кишвари азизамон иштирок мекунанд.

 

Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят корҳои созандагиву бунёдкорӣ бомаром идома доранд. Ба нақша гирифта шудааст, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят баҳри сазовор истиқбол гирифтани ин санаи муборак қариб 7000 иншоот сохта, ба истифода дода мешавад. Аллакай зиёда аз 2780 иншооти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба истифода супорида шудаанд ва дар ҷода саҳми сохтмончиён назаррас мебошад.

Татбиқи амалии ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва самараи Истиқлолияти давлатии кишвар мебошад, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ба яке аз гӯшаҳои зебоманзари олам мубаддал мешавад.

Итминони комил дорам, ки сохтмончиёни вилоят аз ӯҳдаи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва давлату миллат бо сарбаландӣ баромада, ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гаштани Ватани маҳбубамон минбаъд ҳам саҳми муносиб мегузоранд.

Бо истифода аз фурсати муносиб кормандони соҳаи сохтмонро ба муносибати иди касбиашон шодбош гуфта, барояшон тани сиҳат, ободии рӯзгор ва дастоварду комёбиҳои беназир таманно дорам!

Иди касбӣ муборак, бунёдкорони азиз!

Add comment


Security code
Refresh