ШАРБАТИ МЕВА ФАРАҲАФЗОИ ҶОНҲОСТ!

Ҳолати имрӯзаи корхонаҳои консервбарории вилоят чӣ гуна аст?

Яке аз масъалаҳои муҳими тараққиёти кишвар ин рушди иқтисодиёти мамлакат ва дар ин замина беҳбуд бахшидан дар самти вазъи таъминоти аҳолӣ бо молу маҳсулоти ватанӣ мебошад. Дар ҳамин замина боғу токпарварӣ яке аз соҳаҳои асосии комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб ёфта, ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо озуқаворӣ, корхонаҳои коркард бо ашёи хом, ғанӣ гардонидани сабади истеъмолӣ, афзун сохтани имкониятҳои содиротии мамлакат ва бо кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ мавқеи муайянро ишғол менамояд.

Бо назардошти омилҳои мазкур, бо ташаббус ва дастгириҳои Ҳукумати мамлакат, бахусус Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор барномаҳо, аз ҷумла «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020» таҳия гардидааст, ки мақсади асосии он бунёди боғу токзорҳои нав, таҷдиди боғу токзорҳои кӯҳна, баланд бардоштани ҳосилнокии онҳо ва дар маҷмуъ зиёд кардани истеҳсоли умумии мева мебошад.

Дар асоси барномаҳои давлатӣ сол аз сол миқдори боғу токзорҳо ва истеҳсоли меваву сабзавоти тару тоза зиёд мегардад ва дар раванди истеҳсол, бандубаст ва коркарди он аз таҷриба ва технологияи муосир фаровон истифода бурда мешаванд. Инчунин, баҳри васеъ ба роҳ мондани истеҳсолот, афзун намудани теъдоди ҷойҳои корӣ, ҳавасмандгардонии соҳибкории хурду миёна аҳамияти махсус дода мешавад. Иқлими мусоиди кишвар имконият медиҳад, ки майдонҳои истеҳсолиро ҳамасола зиёд намуда, корхонаҳои коркард бо ашёи хом пурра таъмин карда шаванд.

Ҷамъоварии меваву сабзавоти фаровон дар мавсим кишоварзонро бештар болидахотир мегардонад. Дар ин ҳангом деҳқон метавонад ҳосили бадастовардаашро захира намояд, фурӯшад ё тариқи шартнома ба корхонаҳои истеҳсолию саноатии мавҷуда дастрас намояд.

Истеъмоли шарбат, махсусан мевагӣ дар ҳама фасли сол барои инсон фоида дошта, барои солимии бадан, нигоҳ доштани ҳусни табиӣ ва ғизо бахшидан ба организми инсон ёрии калон мерасонад. Афшураҳо асосан вақти мавсими пухтупази меваҳои табиии кишвар омода гардида, корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ кӯшиш менамоянд, ки дар мавсим корро ба авҷ расонанд. Нӯшобаи ширине, ки аз меваҳои гуногун ва шакар ё қанд омода мегардад, хусусияти табобатӣ низ дорад.

Бо дастгирии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сохтмони як қатор гармхонаҳои замонавӣ ва сардхонаҳои ҳозиразамони нигаҳдории меваю сабзавот аз ҷониби соҳибкорон, ҷойгиркунии корхонаҳои хурди коркарди маҳсулот ва банду басти он рӯз аз рӯз васеъ гардида, вобаста ба ин, зарур аст, ки ба афзоиши истеҳсолоти дохилӣ ва ба ин васила тадриҷан таъмин намудани қисми асосии бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ватанӣ боз ҳам чораҷӯӣ карда шавад.

Дар вилояти Суғд корхонаҳои коркарди меваю сабзавот вақти мавсим фаъол буда, аз ҷумла Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Корхонаи консервбарории Хуҷанд», ҶДММ «Сирдарё», «Чойи Шифо», «Мусалло», ҶСП КМ «Хуҷанд – Пакиҷинг» дар як моҳ 444 ҳазор, аз аввали сол 1380,35 қуттии шартӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки 106,8 фоизи нақшаро нишон медиҳад. Аз аввали сол то имрӯз шаҳрҳои Исфара 947,8, Бӯстон 115,51, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 189,1 ҳазор ва шаҳри Истаравшан дар ҳаҷми 3 миллиону 730,3 ҳазор қуттии шартӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд.

ҶСК «Корхонаи консервбарории Хуҷанд» аз зумраи корхонаҳое мебошад, ки дар замони шӯравӣ хеле маъруф буд ва дар он то 1000 нафар кор мекарданд. Баъди дигар шудани шакли фаъолият ва бинобар муфлисшавӣ ин корхонаи азим то чанд муддат аз фаъолият бозмонда буд. Солҳои охир корхона бо иқтидори хеле кам дубора фаъол шуда, дар ин ҷо асосан хамираи помидор истеҳсол карда мешавад. Бо истифода аз имтиёзҳои давлатӣ ва имкониятҳо роҳбарияти корхонаи мазкур ният дорад барои афзун гардидани ҳаҷми истеҳсол азм намояд. Аз рӯи нишондод дар шаш моҳи соли равон корхонаи мазкур қариб 300 ҳазор қуттии шартӣ маҳсулот истеҳсол намудааст, ки 74,8 фоизи нақша мебошад.

Дигар корхонаи калоне, ки дар шаҳри Хуҷанд бо бренди ҷаҳонии «Мерси Баку» шинохта шудааст, ин ҶДММ «Сирдарё» мебошад, ки бо истеҳсоли 400 ҳазор қуттии шартӣ маҳсулот дар сафи пеш қарор дорад.

– Айни ҳол истеҳсоли маҳсулотро аз меваву сабзавоти ватанӣ ба роҳ мондаем ва талабот дар худи вилоят ва ҷумҳурӣ хеле зиёд аст. Маҳсулоти коркардмешударо асосан аз хоҷагиҳои деҳқонии вилоят дастрас менамоем. Дар корхонаи мо 36 нафар фаъолият доранд ва кор дар як баст ба роҳ монда шудааст. Дар масъалаи таъминоти қуттӣ бо корхонаҳои «Лаъл» ва «Сахо ва Компания» ҳамкорӣ дорем. Қуттиҳои 1 ва 2 - литраро баъзан тариқи шартнома аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид мекунем, - гуфт дар суҳбат директори ҶДММ «Сирдарё» Маъруфҷон Каримов.

Аз рӯи таҳлил маълум гардид, ки мағозаҳои номдори шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла «Оазис», «Анис», «Доро», «Асал» бештар бо корхонаҳои обу шарбатҳои ватанӣ шартномаи додугирифт баста, фурӯши маҳсулоти худиро ба роҳ мондаанд.

– Дар мағозаи мо нӯшокиҳо ва шарбатҳои корхонаҳои «Оби Зулол», «Оби ширин» - и 33, ҶДММ «Сирдарё», «Чойи шифо» - и шаҳри Хуҷанд, «Шарбати мева» - и шаҳри Бӯстон, нӯшокиҳои ташнашикани «Кока - кола», «Пепси-кола» - и шаҳри Душанбе, шарбатҳои воридотии «Черноголовка», «Добрқй» - и Россия, шарбатҳои истеҳсоли Гурҷистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон бештар ба фурӯш мераванд. Алҳол дар мавсим бештар фурӯши обҳои ташнашикан нисбат ба шарбатҳои мевагӣ зиёд аст. Шарбатҳо асосан дар фасли сармо ба фурӯш мераванд, – гуфт дар суҳбат Хайрулло Сайфиев, менеҷери мағозаи «Оазис» - и маҳаллаи 19 - уми шаҳри Хуҷанд.

Як нафар аз харидор бо номи Хуршед Қаюмов зимни пурсиш изҳор дошт:

– Ман, ки соҳибкор ҳастам, бештар берун аз ҷумҳурӣ сафар мекунам. Мамлакати мо, ки офтобӣ аст ва меваҳои ширину лазиз дорад, ба гумонам беҳтарин шарбатҳо дар диёри худамон истеҳсол карда мешаванд, вале содирот берун аз ҷумҳурӣ кам ба назар мерасад. Мо бояд соҳибкорони худиро дастгирӣ намоем, то барои афзудани истеҳсолот қадамҳои устувор гузоранд.

Одатан, тамоми маҳсулоти консервагӣ аз назари технологҳо гузаронида мешаванд. Дар ин бобат Аскарҷон Усмонов, технологи соҳаи саноати консерв изҳор дошт, ки тамоми қуттиҳои консервӣ баъд аз қабули маҳсулоти хоҷагии қишлоқ аз назари ташхисгарон гузаронида мешаванд. Баъди он маҳсулотро коркард мекунем ва сипас ба зарфҳои шишагӣ андохта мешаванд. Баъди 12 - 14 рӯзи дигар боз аз нав ташхис гузаронида, таҳлилгарон шакарнокиашро чен мекунанд, намудашро аз нав дида мебароянд. Агар таркиби маҳсулот хуб бошад, баъди ду моҳ ба бозор бароварда мешавад.

Дигар корхонаи номдори ҷумҳурӣ ин Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Оби Зулол” мебошад, ки аз рӯи нишондод дар ҳафт моҳи соли равон ба маблағи наздик 125 миллион сомонӣ обҳои ранга, ба маблағи наздик 17 миллион сомонӣ обҳои ташнашикан, ба маблағи наздик 5 миллион сомонӣ шаҳду шарбат истеҳсол намуда, маҳсулоти консервагӣ дар ҳамин давраи ҳисоботӣ 5106 ҳазор қуттии шартӣ ё ба маблағи 4 миллиону 506 ҳазору 809 сомониро ташкил дод.

–Таъминоти мева барои коркарди консервагӣ дар даври ҳисоботӣ ба миқдори 970 ҳазору 651 килограмм, аз ҷумла зардолу ба миқдори 465 ҳазору 327 килограмм аз ноҳияи Ашт, шафтолу ба миқдори 271 ҳазору 926 килограмм ва олу ба миқдори 223 ҳазору 771 килограмм аз вилояти Хатлон, помидор ба миқдори 9 ҳазору 627 килограмм аз вилояти Суғд таъмин карда шуд. Содирот дар ҳамин даври ҳисоботӣ ба миқдори 1405680 литр обҳои ранга, обҳои ташнашикан ба миқдори 42518 литр ва 3240 литр шаҳду шарбат ба маблағи 1451438 сомониро ташкил дод, – зикр дошт муовини раиси ҶСП «Оби Зулол» - и шаҳри Истаравшан Эҳсонулло Кароматуллоев.

Истеҳсоли маҳсулоти консервагӣ давоми соли равон дар Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Субҳи Ватан» - и шаҳри Исфара ба маблағи 954, 99 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Корхонаи саноатӣ бо 10 хоҷагии кишоварзӣ шартномаи додугирифти маҳсулотро ба миқдори 2 ҳазору 580 тонна баста, ба онҳо ба маблағи 144 ҳазору 897 сомонӣ пешпардохт кардааст. Дар корхона айни ҳол 60 нафар кору фаъолият намуда, дар асоси шартномаи меҳнатӣ аз рӯи реҷаи 7 - 8 - соата музди миёнаи ҳармоҳаи онҳо 660 то 750 сомониро ташкил медиҳад. Коргоҳ бо кадрҳои баландихтисос таъмин буда, фақат дар мавсими коркарди маҳсулоти кишоварзӣ тариқи муваққатӣ коргар қабул менамояд.

Маҳсулоти корхона ба мамолики Қазоқистон, Россия ва Олмон содирот мешавад. Дар ҳафт моҳи соли 2019 ба давлатҳои Олмон ба маблағи 349 ҳазору 787 сомонӣ, Қазоқистон ба маблағи 220 ҳазору 834 сомонӣ содироти маҳсулот ба анҷом расонида шуд. Воридоти зарфҳои гуногун аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба маблағи 148 ҳазору 88 сомонӣ буда, айни ҳол воситаҳои зарурӣ: яъне зарфҳои гуногуни шишагӣ – 100 ҳазор дона, сарпӯшаки СКО 150 ҳазор дона, шакар 15 ҳазор килограмм, намаки ошӣ ва ангиштсанг 25 ҳазор килограммӣ захира карда шудааст.

ҶДММ «Субҳи Ватан» зиёда аз 40 намуд маҳсулоти консервагии шарбатҳо, мураббоҳои мевагӣ, хамираи помидор, афшураҳои сабзавотӣ, пиёзи анзури консервакардашуда, хучобаҳои омехтаи мевагӣ, ҷемҳои себу биҳигин, оби ширини хуч ва маҳсулоти нимтайёри мевагӣ истеҳсол менамояд. Маҳсулоти консервагӣ дар зарфҳои шишагии аз 200 то 720 грамма бо сарпӯшаки твист-офф, аз 1 то 3 - литра бо сарпӯшаки СКО ва халтаҳои асептикии ғунҷоиши 200-килоӣ бандубаст мешаванд.

Корхонаи «Шарбати мева» - и шаҳри Бӯстон низ то ин муддат 115 ҳазор қуттии шартӣ маҳсулот истеҳсол кард, ки нисбат ба соли гузашта беҳтар буда, 128,3 фоизро ташкил медиҳад. Зарфҳои шишагӣ аз корхонаҳои истеҳсоли ватанӣ дастрас мегарданд.

– Истеҳсоли маҳсулот асосан аз меваҳои зардолу, шафтолу иборат буда, вақти пухта расидани меваҳои дигар аз рӯи мавсим кор ҳамеша дар ҷараён аст. Маҳсулот аз хоҷагиҳои деҳқонии вилоят дастрас гардида, иқтидори солона 251 ҳазор қуттии шартӣ мебошад, – қайд намуд корманди коргоҳи мазкур Абдурозиқ Мирёқубов.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар вилоят имконияти таъсиси боз даҳҳо корхонаҳои коркарди меваю сабзавот мавҷуд аст, махсусан, дар ноҳияҳое, ки ин неъматҳоро ба миқдори зиёд истеҳсол мекунанд. Чанде пеш дар ноҳияи Мастчоҳ низ корхонаи коркарди меваю сабзавоти “Нури Сафар” ба кор шуруъ кард, ки маҳсулотро бевосита аз хоҷагиҳои атрофи худ мегирад ва чандин нафар мардуми маҳалро ҳам бо кор таъмин намуд. Саҳми соҳаи боғдории вилоят дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат, рушди корхонаҳои саноатӣ, афзоиши имконияти содиротии кишвар ба ҳар ҳол мувофиқ ба меъёр аст. Яъне вобаста ба таъмини амнияти озуқавории кишвар мо бояд кӯшиш кунем, ки дар солҳои наздиктарин талаботи мамлакатро ба маҳсулоти озуқаворӣ тавассути афзоиш додани истеҳсоли дохилӣ қонеъ намоем.

Гулҷаҳон Турсунзода,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh