Машварати кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода

Дирўз дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят машварати кории назди Раиси вилоят баргузор гардид, ки дар он муовини якум ва муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва раисони як қатор шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.

Дар машварати корӣ рафти корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар оғози машварат таъкид кард, ки имрўзҳо сокинони меҳнатқарини вилоят барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон софдилона заҳмат кашида истодаанд. Зикр гардид, ки ба истиқболи ин ҷашни миллӣ то соли 2021 беш аз 6500 иншооти гуногун бунёд ва ба истифода дода хоҳад шуд, ки дар натиҷа садҳо нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд.

Сипас, муовини якуми Раиси вилоят Хол Ҳайдар, муовинони Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ, Баҳоваддин Баҳодурзода, Зайнура Азимӣ ва Рустам Каримзода доир ба рафти корҳои бунёдкорӣ дар шаҳру ноҳияҳо гузориш доданд. Иттилоъ дода шуд, ки бо маблағгузорӣ аз сарчашмаҳои гуногун то имрўз 2780 иншоот сохта ба истифода дода шудааст.

Пас аз шунидани гузоришҳо Раиси вилоят ба масъулин ва шахсони ба шаҳру ноҳияҳо вобасташуда дастур дод, ки иҷроиши нақшаи чорабиниҳоро назорат карда, барои бо сифати баланд сохтани иншооти ҷашнӣ чораҷўӣ намоянд.

Ҳамзамон ба раисони шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки баҳри иҷрои нақшаи кишти такрорӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, таъмин намудани кишоварзон бо оби полезӣ, рушди моҳипарварӣ ва занбўриасалпарварӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh