Муаррифии фарҳанг ва таҳкими равобит

Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз кишварамон риштаҳои дӯстиву ҳамкориҳои судмандро бо аксар мамолики ҷаҳон пайвастаасту тавассути иқдомоти хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти муаззамамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар равзанаву амали сиёсати «Дарҳои кушод» равобити мутақобила рушду таҳким мепазирад.

Дӯстиву ҳамкориҳо ва муносибати иқтисодӣ дар самти фарҳангу иҷтимоиёт, саноату коммуникатсия байни Ҷумҳурии мо – Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Хитой самараҳои неку фараҳбахш ба бор оварда истодааст, ки хеле гувороянд.

Ҷумҳурии Мардумии Хитой, агар ба забони факту далелҳо ифода намоем, имрӯз ин ҳамсоядавлати мо дорои 60 миллион ҷойи кории шомили соҳаи сайёҳӣ мебошад, ки аз ин 70 фоиз ё 40 миллион ҷойи корӣ ба намуди сайёҳии дохилӣ рост меояд. Ё худ, сайёҳи Хитой Хои Чао, ки соли ҳафсаду бисту шаш ба Хуросон – Вароруд сафар доштааст, маълумот медиҳад, ки дар Хатлон пахта кошта, ток парвариш карда мешудааст. Аз ин маълумот ва факту далелҳо бармеояд, ки равуо, сайру сайёҳати мардуми ҳамсоядавлатамон - Ҷумҳурии Мардумии Хитой аз даврони қадим асос гирифта, имрӯз бо шаклу мазмуни нав, талаботи замони муосир тақвият мегирад.

Яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҳамчун воситаи аёнии муаррифии фарҳанг ва тамаддун арзёбӣ гардида, шавқу рағбат ва таваҷҷуҳи бевоситаи ҷавонони кишвари моро ҷалб намудааст, ин омӯзиши пурраи забони хитоӣ дар донишкадаҳои Хитой таҳсили илму донишро муваффақона идома бахшида, чун мутахассисони талаботи ҷаҳонӣ шинохта шудан аст. Чорабинии пурмуҳтаво ва бузурге, ки дар Ҷумҳурии Мардумии Хитой бо номи «Як камарбанд – як роҳ» доир гардид ва дар ин ҳамоиши сатҳи ҷаҳонӣ Пешвои муаззами миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд, дар таъмини рушди устувору бемайлони иҷтимоию иқтисодии кишварҳо, муносибатҳои дӯстию ҳамкории кишварҳои шарики стратегӣ – Тоҷикистону Хитой, саҳми Тоҷикистону давлати ҳамсоя дар таҳкими ҳамкории минтақавӣ ба манфиати мардумони ду кишвар, инчунин дигар самтҳои равобити дуҷониба асос гузошта, мазмуну муҳтавои нав пайдо намудааст.

Тоҷикистону Хитой дар арсаи байналмилалӣ ҳамкории босамарро ба роҳ монда, аъзои ташкилотҳои бонуфузи олам, аз ҷумла Созмони Ҳамкории Шанхай мебошанд. Боиси ифтихори мо - мардуми соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад, ки кишварамон яке аз давлатҳои фаъоли узви Созмони Ҳамкории Шанхай ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз роҳбарони ташаббускори ҳалли мушкилоти байналмилаливу минтақавӣ, инчунин саҳмгузори рушди муносибатҳои ҳамкорӣ байни кишварҳои аъзо ҳастанд.

Кишвари мо – Тоҷикистон ҷиҳати рушду тавсеаи бештари ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ дар доираи ташаббуси таърихии «Як камарбанд – як роҳ» ва эҳёи «Роҳи бузурги абрешим» ҳавасмандии зиёде зоҳир менамояд.

Маърифатхон Ғаниева,
донишҷӯи Донишгоҳи
давлатии Хуҷанд ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh