Содироти меваи хушк афзудааст!

Дар нишасти матбуотӣ бо кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд маълум гардид, ки дар нимсолаи аввали соли 2019 ҳаҷми умумии гардиши мол дар қаламрави гумруки вилоят ба 1 миллиарду 11 миллиону 886 ҳазор доллари амрикоӣ расид, ки ин нишондод нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта 0,7 фоиз зиёд буда, воридот 787 миллиону 407 ҳазор доллари амрикоӣ ва содирот 224 миллиону 478 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Дар шаш моҳи аввали соли равон аз қаламрави вилояти Суғд содироти семент, пиёз ва меваи хушк ба хориҷи кишвар зиёд гардида, содироти маъдан, консентрат, нахи пахта ва либосворӣ нисбат ба ҳамин даври соли гузашта кам ба қайд гирифта шудааст. Яъне аз ин нишондод содирот нисбат ба соли гузашта 57 миллион доллар ё ба андозаи 20,25 фоиз коҳиш ёфтааст.

– Савдои беруна 4,4 фоиз зиёд буда, гардиши мол бо давлатҳои хориҷи дур нисбат ба давраи соли 2018 - ум 11,77 фоиз кам шуд. Аз ҳаҷми умумии гардиши мол ба маблағи 1 миллиарду 312,1 миллион доллари амрикоӣ пардохтҳои гумрукӣ ситонида шуд, ки 2,7 фоиз нисбат ба шаш моҳи соли 2018 зиёд аст, – қайд намуд Баҳром Исматуллозода – сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилоят.

Дар самти мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ аз ҷониби кормандони Раёсат 1225 ҳодисаҳои қонуншиканӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 456 ҳолат кам мебошад. Баҳри пешгирии воридоти молҳои пастсифат ва ба ҳаёту саломатии инсон зараровар кормандони Раёсат 3 ҳолати интиқоли мол ва маҳсулот, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ нестанд, ошкор карданд. Дар натиҷаи баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 1019 нафар шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва мансабдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.

Оид ба самтҳои дигари соҳа рӯзноманигорон бо кормандони гумрук саволу ҷавоб карда, посух гирифтанд.

Гулҷаҳон Турсунзода,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh