РУШДИ ИҚТИСОД - САРЧАШМАИ ДАРОМАД

Эмомалӣ РАҲМОН: Қобили зикр аст, ки хусусан, солҳои охир таваҷҷуҳ ба ҳифзи забони давлатӣ, суннату арзишҳо ва либоси миллӣ зиёд шудааст. Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ойину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки дар давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада, Шашмақом, Фалак, атласу адрас, чакан ва монанди инҳо эҳё гардиданд.

… Вақте ду сол муқаддам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди «Атласи Хуҷанд» ташриф оварданд, барои таъсиси сехи дӯзандагӣ ва мағозаи фирмавӣ дастур дода буданд. Инак, якуним сол аст, ки дар назди коргоҳ сехи дӯзандагӣ ва мағозаи фирмавӣ амал мекунад. Дар сехи дӯзандагӣ ҳашт нафар ба меҳнат ҷалб шудаанд. Баробари ба сех ворид гардидан дар маникенҳо либосҳои миллӣ бо тарҳи аврупоӣ, сумкаҳои мардонаву занона, ҷомаву либосҳои арӯсӣ, парпеч барои навзоду сару либоси бачагона, болишту болинҳои қуроқу чойникпӯшакҳо ва ғайра беш аз сад навъи дӯхти либосу дигар лавозимоти барои рӯзгор зарурӣ омодагардида, ҳама аз матоъҳои бирешимину пахтагии истеҳсоли ҳамин коргоҳ пешкаши харидорон гардонида шудааст.

Атласу адраси Хуҷанд дар пойтахт

Аз роҳбаладам Рафоат Саидовна пурсон гаштам, ки мағоза дар дигар мавзеъ ҳаст ё не? Зеро сару либоси дӯхтаи коргоҳ шинаму зебо буданду ба қавле наху пудаш аз бирешиму пахта, хосатан парпечу либосҳо барои навзодон писанди модарон хоҳанд гашт. Қаблан дар дохили бозори «Сомон» ҳам нуқтае доштаанд, аммо алҳол фаъолияташро қатъ кардааст.

Дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе низ мағозаи фирмавӣ фаъолият дорад ва матоъҳои атласу адрас ва сару либосҳои дӯхтаву дигар маводи омодагардида харидорони худро ёфтааст. Хориҷиён – дӯстдорони ҳунарҳои миллии дастӣ баробари ба кишвари мо ташриф овардан, албатта аз мағозаи фирмавии коргоҳ маҳсулот харидорӣ менамоянд. Вақте ба коргоҳ Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ташриф оварда, аз заҳмати кормандон аз наздик воқиф гардиданд, дар масъалаи фурӯши матоъ ва либосҳои омодагардида маслиҳати хешро дареғ надоштанд. Гарчанде суръати фурӯш мувофиқи матлаб нест, аммо дар чорабиниҳои сиёсиву дигар маъракаҳои вилоятиву шаҳрӣ, ҳатто ҷумҳуриявӣ аз матои ҶДММ «Атласи Хуҷанд» бисёр истифода мебаранд.

 Ҷавонон – ояндасози ҷомеаанд, аммо…

Дар Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди «Атласи Хуҷанд» соли гузашта 51 нафар машғули меҳнат буданд ва имсол ҳам шумораи кормандон ҳамин қадар боқӣ мондааст. Вале, мутаассифона, вақте аз коргоҳ, аз фаъолияти меҳнаткашон дидан намудем, синну соли аксари кормандон миёнсолу калонсоланд. Тавре директори кулл Азимҷон Ғафуров изҳор дошт, «ин ҳунари қадимаи миллист, ҳанӯз аз даврони пеш ба мо мерос мондааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам борҳо дар мулоқоту вохӯриҳояшон дар бобати эҳёи ҳунарҳои миллӣ, дастгирии ҷавонон, бо кор таъмин намудани онон таъкид медоранд. Аммо сад афсӯс, ки сафи ҷавононро дар ин ҷо ҷамъ карда натавониста истодаем».

Баҳри ҷалби ҷавонону занони хонанишин ба ин коргоҳ сарвари он бо мактабиёну донишҷӯён ва аҳолии баъзе маҳаллаҳои маркази вилоят мулоқот ороста, ононро дар се моҳи аввал ба сифати шогирд бо маоши 400 сомонӣ ва баъдан чун устоди ҳунар бо моҳонаи 1000 сомонӣ ва беш аз он ба кор даъват намуд. - Аксари ташрифовардагон наздик як ё ду моҳ паси дастгоҳ нишаста бошанд ҳам, аммо хоҳиши кор кардан надоштанд, - гуфт бо афсӯс ҳамсуҳбатам. Охир, ин кормандоне, ки алҳол фаъолият мебаранд, ҳанӯз аз даврони Шӯравӣ дар ҳамин ҷо бо меҳнат машғуланд, ҳоло бошад, аз рӯи дилсӯзӣ, аз рӯи меҳру муҳаббат ба касбашон ба ин даргоҳ қадам ранҷа менамоянд, зеро дар ҳамин ҷо ба домони пирӣ расидаанду дар ҳамин остона ба қадри меҳнат рафтаанд ва дар ҳамин ошён ризқи хешу пайвандон ёфта, зиндагиашонро обод кардаанд, - изҳор дошт дар идома А. Ғафуров.

Бо тарҳи замонавӣ

 Вақте аз коргоҳ дидан намудем, ҳамагон машғули меҳнат буданд. Аз нақли кормандон маълум гардид, ки то омода гардидани матои атлас 22 амалиёт гузаронида, аксар бахши корҳо дастӣ сурат мегирад. Чунончӣ, тар кардани калобаи абрешим, ресандагӣ, тобандагӣ, буғдиҳӣ, абрешимро аз ғалтак ба калоба гирифтан, пухтани абрешим, даврагарӣ, пайдо кардани нақши атлас (нақшҳои майда ё калон), кашидани нақши матои атлас, рангуборкунии торҳои асосии басташуда, кушодани аврбандӣ ва кафмол кардани торҳои часпида ва боз пас аз чанд амалиёти дигар дар дастгоҳҳо матои атлас ва адрас бофта шуда, дар ҳаҷми 50 - 80 метр дар дастгоҳи махсус дарзмол карда мешавад.

Чун меҳнати ононро назар андохтам, офаринашон хондам, зеро кормандон ҳама паси дастгоҳҳои амалиёташ мухталиф аз пайи эҷоди матоъҳои рангоранги миллӣ буданд. Дар назди эшон нақшҳои «Намози шом», «Барги сабз», «Атласи сурх», «Барги карам», инчунин бо тарҳи замонавӣ, ба монанди «Таппиш» омода шуда истода буданд.

Маҳсулоти хом аз дохили кишвар, вале…

- Алҳол иқтисоди бозоргонист ва мо кӯшиш менамоем, ки матоъҳои хушсифат ва дӯхтаҳои хушрӯву шинамро пешкаши харидорон намоем. Солҳои қаблӣ куртаи аз матои атлас омодагардидаро зери борон пӯшида намешуд. Алҳол аз давлати Швейтсария дастгоҳе дастрас намудем ва наздик ба 30 намуди атлас об расад ҳам, сифату ранги матоъ тағйир намеёбад, - гуфт сарвари коргоҳ.

Ба саволи ман оиди дастрасӣ аз ашёи хом сарвар чунин изҳор дошт: боиси хушнудист, ки бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат саноатчиён, маҳсулоти хомро аз дохили кишвар дастрас менамоянд. Ростӣ, арзиши ашёи хом дар корхонаи «ВТ Силк» гарон аст, аз ин рӯ, бо соҳибкорон низ ҳамкорӣ дорем. Масалан, як кило бирешим дар «ВТ - Силк» 45 доллари амрикоӣ арзиш дорад, ҳангоми коркард аз он 30 фоиз партов ва танҳо 700 грамм абрешим омода мешаваду халос. Дар ин ҳолат арзиши як метр атлас то 90 сомонӣ мешавад, ки ин барои харидор гарон хоҳад буд. Адрас аз нахи пахтаву тори матои атлас аз бирешиму пуди он аз пахта омода мегардад. Рангро бошад, аз шаҳрҳои Самарқанду Фарғона дастрас менамоем», - иброз дошт директори коргоҳ.

 Истеҳсол ҳаст, фурӯш суст

Собиқадорони арсаи меҳнат Саодат Асатуллоева (даврагар), Матлуба Ҳасанова (калобарес), Раъно Шерматова (бофанда), Ҳотам Саидов (аврбанд) ва дигарон сайъ доранд, матоъҳои атласу адраси замонавӣ омода созанд.

 Истеҳсол ва сифати матоъҳо сол аз сол рушд ёфта, агар дар шаш моҳи соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот 656,98 ҳазор сомониро дарбар гирифта бошад, имсол он 698,33 ҳазор сомониро ташкил карда, нақша 106,30 фоиз иҷро гардид. Яъне истеҳсоли маҳсулот дар шаш моҳи соли 2018 - ум ҳамагӣ 22500 метрро дар бар гирифта, аз ин 13500 метр атлас ва 9000 метр матои адрас мебошад.

Дар ҳамин даври соли равон ҳамагӣ ба маблағи 24735 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардида, аз ин 15235 метр атлас ва 9500 метр матои адрас аст. Дар сехи дӯзандагӣ дар шаш моҳи соли сипарӣ ба маблағи 38086 ҳазор сомонӣ корҳо ба иҷро расида, ба андозаи 9558 ҳазор сомонӣ сару либос ва дигар лавозимоти рӯзгор омода гардидааст. Ҳаҷми фурӯши маҳсулот бошад, дар шаш моҳи соли 2018 - ум 291252 сомонӣ ва дар шаш моҳи соли 2019 - ум 64022,82 сомониро дар бар гирифт.

Мораторий – ба манфиати кор

 - Боиси ифтихору сарбаландист, ки, - арз медорад А. Ғафуров, - сол аз сол нисбат ба истеҳсолчиён Пешвои муаззами миллат ғамхории хоса зоҳир намуда истодаанд. Дар Паёми навбатиашон мораторий эълон карданд. Бовар кунед, ин ду сол имкон медиҳад, ки саноатчиён дар муҳити ором ба эҷоду истеҳсоли маҳсулоти сифатан аъло машғул бошанд.

Инчунин нисбати эълон гардидани ҳадафи чорум - босуръат саноатикунонии мамлакат онро қайд карданиам, ки имрӯз Сарвари давлати мо барои истеҳсолчиён имкон фароҳам овардаанд, ки то қадри имкон барои рушди саноат ҷидду ҷаҳд намуда, таҷҳизоти муосирро ворид ва дар беҳтарсозии вазъи иҷтимоию иқтисодии давлати соҳибистиқлол саҳми хешро гузоранд...

 Тавҳида ҶӮРАЕВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh