Маросими супоридани Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд

31 августи соли 2019 дар толори қабули расмӣ маросими супоридани Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода қабл аз супоридани Ифтихорнома нахуст кулли ҳозиринро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Таъкид гардид, ки бо мақсади қадршиносӣ аз хизматҳои шоён ҳамасола ба ифтихори ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бо қарори Раиси вилояти Суғд фаъолони соҳаҳои гуногун бо Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сарфароз гардонида мешаванд.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба 85 нафар кормандони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи вилоят Ифтихорнома тақдим карда шуд.

Дар анҷоми маросими мукофотсупорӣ Раҷаббой Аҳмадзода ҳамаи нафаронеро, ки барои фаъолияти пурсамар дар роҳи рушду пешрафти ҷомеа бо мукофоти давлатӣ қадрдонӣ шуданд, табрик гуфта, барои фаъолияти минбаъдаашон барору комёбиҳо орзу намуд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

 

Add comment


Security code
Refresh