Оғози мумфаршкунии кӯчаҳои ба номи Шарифҷон Ҳусейнзода ва Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Конибодом

Дар чаҳорчуби корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30 –солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 2 сентябр дар шаҳри Конибодом бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба мумфаршкунии кӯчаҳои ба номи Шарифҷон Ҳусейнзода ва Исмоили Сомонӣ оғоз бахшида шуд.

Чуноне дар маросими оғози корҳои мумфаршкунӣ иттилоъ дода шуд, кӯчаи ба номи Шарифҷон Ҳусейнзода бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва сокинони маҳалла ба дарозии 700 метр мумфарш карда мешавад. Барои анҷоми корҳо 175 000 сомонӣ маблағ ҷудо гардида, пудратчӣ муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Конибодом мебошад.

Кӯчаи ба номи Исмоили Сомонӣ бошад бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ҳаҷми 1 млн. 920 ҳазор сомонӣ ва ба дарозии 1,2 км мумфарш мегардад.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар аснои суҳбат бо сокинони шаҳр иброз дошт, ки чун дар дигар шаҳру ноҳияҳо дар Конибодом низ омодагӣ ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дорад.

Тибқи нақшаи сохтмону азнавбарқароркунӣ ва таъмиру тармим то соли 2021 дар шаҳр 506 иншооти таъиноти гуногун, аз ҷумла соли равон 178 мавриди истифода қарор мегирад, ки барои беҳтар шудани вазъи зиндагии даҳҳо хонавода мусоидат менамояд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh