Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони шаҳри Конибодом

Санаи 2-юми сентябри соли 2019 Раиси вилоят Рачаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Конибодом дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо фаъолони шаҳр мулоқот намуд.  Дар мулоқот муовинони Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ҳифзи ҳуқуқ ва фаъолони шаҳр иштирок намуданд.

- Мулоқоти мову Шумо дар рӯзҳое баргузор мегардад, ки мардуми ҷумҳурӣ, алалхусус сокинони сарбаланди вилояти Суғд дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  ки ҳангоми сафари корӣ дар вилоят 20-25 августи соли равон баён гардиданд, ҷиҳати бо дастовезҳои арзанда таҷлил намудани ҷашни бузурги 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди навбатии ин иди умумимиллӣ бо азму талоши нав аҳлона меҳнат карда истодаанд, - зикр намуд Раҷаббой Аҳмадзода.

Раиси вилоят дар мулоқот аз ҳадафҳои созанда ва ободкоронаи Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, вусъати омодагиҳо ба ҷашнҳои миллӣ, амалишавии Барномаҳои давлатӣ ёдовар шуда, ҳамзамон вазъи иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Конибодомро таҳлилу баррасӣ намуд.  

Мавриди зикр аст, ки нақшаи воридоти андоз ба буҷети давлатии шаҳр дар 7 моҳи соли 2019-ум 99,9 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 39 миллиону 519,5  ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки аз нақша 3,8 ҳазор сомонӣ кам мебошад.  

Дар ин давр иҷрои сифатноки нақшаи 5 намуди андоз иҷро нагардида, дар натиҷа ба буҷет 1 миллиону 7,7 ҳазор сомонӣ маблағ кам ворид гардид.

- Бояд гуфт, ки дар 7 моҳи соли равон аз буҷети вилоят ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом 16 миллиону 210 ҳазор ва дар чор соли охир бошад, беш аз 49 миллиону шашсад ҳазор сомонӣ барои таъмиру тармими роҳҳои автомобилгарди маҳаллӣ, бартараф кардани оқибати офати табиӣ ва сари вақт пардохтани музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ ҷудо гардидааст, - таъкид дошт Раиси вилоят.

Аз ҷумла дар ҳамин давр барои сохтмони иншооти гуногун дар шаҳри Конибодом, аз ҷумла, дар бунёди бинои таълимӣ барои 660 хонанда дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29, сохтмони бинои нав дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7, сохтмони бинои таълимӣ барои 360 хонанда дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52, таҷдиди варзишгоҳи марказии шаҳр, азнавсозии боғи фарҳанг, барқароркунии садди муҳофизатии обанбори “Баҳри тоҷик” дар мавзеи Маҳрам, бунёди  шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказӣ, дармонгоҳ, биноҳои маъмурӣ, чароғонкунии кӯчаҳо ва ғайра  аз ҳисоби буҷети вилоятӣ боз зиёда аз 49 миллиону 537 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд.

Раиси вилоят вазъи иҷрои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Конибодом барои солҳои 2016-2020, ки бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз 28 декабри соли 2015, № 4/49 тасдиқ шуда, дар маҷмӯъ 127 лоиҳаро, ки маблағи умумиаш ба 759,3 миллион сомонӣ баробар аст, таҳлил намуда, изҳори нигаронӣ намуд.

Давоми солҳои 2016 - 2018 ва нимсолаи аввали соли 2019 аз миқдори умумии лоиҳаҳо танҳо 14 лоиҳа ба маблағи 21,1 миллион сомонӣ пурра иҷро гардида, дар доираи 43 лоиҳа ба маблағи  95,7 миллион сомонӣ корҳо идома дорад, ки 12,6 фоизи маблағи умумии барномаро ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ, таъмини иҷрои Барнома ба ҳолати  1 июли  соли 2019-ум ба  15,4 фоиз баробар  асту халос.

Раҷаббой Аҳмадзода вазъи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳрро низ мавриди таҳлил қарор дода, бобати вусъат бахшидан ба корҳои созандагӣ ва муҳайё намудани шароити хуби зиндагӣ барои мардум ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Тибқи ҳисоботи оморӣ дар 7 моҳи соли 2019-ум дар шаҳри Конибодом ба маблағи 136,2 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба 7 моҳи соли 2018-ум 41 миллион сомонӣ зиёд буда, афзоиш ба 143 фоиз баробар шудааст.

Тибқи маълумот шумораи корхонаҳои саноатии шаҳр аз 47 адади соли 2016 то 41 адад дар 7 моҳи соли 2019 коҳиш ёфтааст.

Дар ҳафтмоҳа, дар маҷмӯъ 17 корхонаи саноатии шаҳр фаъолият набурдааст, ки ин ҳолат ба коҳиши ҳаҷми маҳсулот ва вазъи иҷтимоии даҳҳо коргарон таъсири манфӣ расонидааст.

Илова бар ин, 7 корхона ҳафтмоҳаро нисбат ба ҳамин даври соли гузашта бо оқибмонӣ ҷамъбаст намуда, аз ҳисоби онҳо ба маблағи 2,5 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол нашудааст.

Раиси вилоят ба масъулин бобати ба роҳ мондани ҳамкории    судманд бо соҳибкорону роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ҷиҳати ба ҳисоботи оморӣ фаро гирифтани фаъолияти корхонаҳои саноатӣ  ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии рақобатпазир ва воридотивазкунанда дастур дод. 

Тибқи нақша бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом 20 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 600 ҷойи нави корӣ, аз ҷумла соли 2019-ум 4 корхонаву коргоҳи нави истеҳсолӣ бо 100 ҷойи нави корӣ сохта шавад. Вале, давоми ҳафт моҳи соли ҷорӣ ҳамагӣ 1 коргоҳи нави саноатӣ бо 15 ҷойи нави корӣ ба истифода дода шудаасту халос.

Дар ҷаласа таъкид гардид, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳои саривақтӣ кишоварзони шаҳр дурнамои киштро ба андозаи 106,1 фоиз ё ин ки 491 гектар зиёд таъмин намуданд. Вале, нишондиҳандаи мазкур нисбати соли 2018-ум 758 гектар кам мебошад.

Дар ҳафт моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории шаҳр ба 193 миллиону 752 ҳазор сомонӣ расонида шудааст, ки ин нисбати ҳамин даври соли гузашта 9 миллиону 617 ҳазор сомонӣ зиёд ва ё дар сатҳи 105,2 фоиз таъмин шудааст.

Баробари ин, дар  даври ҳисоботӣ истеҳсоли картошка 125 тонна, сабзавот 1662 тонна, аз ҷумла пиёз 976 тонна, инчунин пилла 20 тонна  нисбати ҳамин даври соли 2018-ум коҳиш ёфтааст.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маорифу тандурустӣ, ки соҳаҳои афзалиятноки сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумат маҳсуб меёбанд, таҳлилу баррасӣ намуда, ба масъулин бобати таъмини рушд, беҳтар намудани сатҳу сифати таълим ва хизматрасонӣ ва бартараф намудани камбудию норасоиҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Раиси вилоят дар фарҷоми мулоқот изҳор дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суханрониҳояшон дар ҷаласаҳои Ҳукумати мамлакат,  мулоқотҳояшон  бо фаъолони шаҳру ноҳияҳои вилоят бобати вусъати корҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашнҳои бузург 30 - солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5500 - солагии Саразми бостонӣ, инчунин таъмини зиндагии шоиста ҳидоятҳои нек менамоянд ва ҳар яки моро зарур аст, ки ҷиҳати амалӣ намудани ин дастуру супоришҳои  Пешвои муаззами миллат кӯшиш намоем ва ҷашнҳои бузурги миллиро бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирем.

Фаъолони шаҳри Конибодом, ҳамзамон ҷонибдории худро баҳри амалӣ намудани ин ҳадафҳои созанда, ободу зебо намудани диёри азизамон ва дастгирии сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат изҳор доштанд.

 Мухтори Абдулло,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh