Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндагони ширкати сармоягузории “Ромеда Капитал”

9 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода намояндагони ширкати сармоягузории олмониву русиягии “Ромеда Капитал”-ро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат Раиси вилоят соҳибкорони бурунмарзиро бо ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки ҷонибҳо барои густариши ҳамкориҳо ва ҷалби сармоя ба иқтисодиёти вилоят аз имконоти мавҷуда самаранок истифода менамоянд.

Раҷаббой Аҳмадзода бо ёдоварӣ аз тадбирҳои амалишудаистода дар самти саноатикунонии босуръати кишвар таъкид дошт, ки ҷониби вилоят барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак ҳавасманд мебошад.

Ватан Абдураҳмонов ва ҳайати ҳамроҳонаш дар аснои мулоқот зикр намуданд, ки бо вуҷуди дар хориҷ аз Тоҷикистон фаъолият доштанашон аз пешрафту шукуфоии мамлакат шод ҳастанд. Меҳмонон ҳамзамон аз фаъол гардидани чархи дуюми Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” изҳори хушнудӣ намуда, иброз доштанд, ки бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ободии Ватан талош менамоянд.

Дар поёни мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, бо тарҳрезии нақшаҳои мушаххас дар самти коркарди маъдан ва партов ҳамкорӣ  намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh