Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Айнӣ сафар кард

11 сентябри соли 2019 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ, гузаронидани қабули шаҳрвандон ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба ноҳияи Айнӣ сафар кард.

Зимни сафар Раиси вилоят нахуст бо рафти корҳои сохтмонӣ дар комплекси варзишӣ ва боғи фарҳангӣ – фароғатии ноҳия ошно шуд. Иншооти зикршуда дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида истодааст.

Комплекси варзишӣ ва боғи фарҳангӣ – фароғатӣ аз варзишгоҳ бо 10 000 ҷойи нишаст, майдончаҳои гуногуни варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ, таваққуфгоҳ барои нақлиёт, боғи фарҳангӣ бо иншооти ёрирасон иборат буда, сохтмони он бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят оғоз ёфта буд.

Фармоишгари корҳо Идораи сохтмони асосии вилоят ва пудратчӣ ҶДММ “КСМ-278” буда, лоиҳаи иншоотро мутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии “Лоиҳакаш” омода намудаанд.

Масоҳати умумии иншооти сохташаванда 157131,5 метри мураббаъро дар бар гирифта, айни замон корҳои сохтмониву васлгарӣ ҷараён дорад.

Раиси вилоят дар аснои боздид барои бо сифати баланд ва дар муҳлати муқарраршуда ба истифода супоридани иншооти муҳими иҷтимоӣ ба масъулин дастру супоришҳо дод. Таъкид гардид, ки бо бунёду баистифодадиҳии комплекси варзишӣ ва боғи фарҳангӣ – фароғатӣ барои истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонони ноҳияи Айнӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh