Оғози сохтмонии майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ

Рӯзи 11 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар идомаи сафари кории худ ба ноҳияи Айнӣ ба корҳои сохтмонии майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз бахшид.

Бояд зикр намуд, ки Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади гиромидошти муқаддости миллӣ сохта хоҳад шуд.

Сохтмони иншооти мазкур дар чаҳорчӯби корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, масоҳати майдон 1800 метри мураббаъро дар бар мегирад.

Сутунпояи Нишони давлатӣ 22 метр баландӣ дошта, он дар асоси лоиҳаи Корхонаи воҳиди давлатии “Лоиҳакаш” бунёд карда мешавад. Атрофи майдони иншоот сабзу хуррам гардонида шуда, ба макони саёҳату фароғати сокинону меҳмонон табдил дода хоҳад шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh