Ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ дар Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент

11 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру деҳоти Панҷакент дар деҳаи Ёрии Ҷамоати деҳоти Ёрӣ дар маросими баистифодадиҳии коргоҳи дӯзандагӣ ширкат варзид.

Коргоҳи дӯзандагӣ бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Зарина Суннатиллоева дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст. Дар коргоҳи мазкур 13 нафар бонувон бо ҷойи корӣ таъмин гардида, минбаъд дар асоси фармоишот ба дӯхту омодасозии либосҳои гуногун машғул хоҳанд шуд.

Раиси вилоят зимни ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ ба соҳибкор ҷиҳати таъсиси ҷойҳои нави корӣ изҳори сипос намуда, тавсия дод, ки минбаъд доираи фаъолияти коргоҳ васеъ карда шавад.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон таъкид кард, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент 405 иншоот таъиноти гуногун, аз ҷумла соли 2019-ум 139 иншоот ба истифода дода мешавад, ки дар натиҷа садҳо нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд.

Худи ҳамин рӯз Раиси вилоят аз роҳи мошингарди ҳудуди деҳаи Ёрӣ, ки бо ташаббуси соҳибкор Зокир Шарипов мумфарш шудааст, боздид кард. Роҳи мазкурро соҳибкор аз ҳисоби пасандозҳои худ бо харҷи 400 000 сомонӣ ва ба дарозии 900 метр мумфарш кардааст.

Раҷаббой Аҳмадзода иқдоми соҳибкорро шоистаи пайравӣ унвон карда, иброз дошт, ки дар баробари маблағгузориҳои давлатӣ саҳмгузории соҳибкорону саховатмандон дар ободонии маҳал нишонаи ватандӯстӣ мебошад. 

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh