Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони шаҳри Панҷакент ​ ​

12 сентябр пас аз анҷоми қабули шаҳрвандон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бо фаъолони шаҳр мулоқот кард.

Зимни таҳлили вазъи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳр иттилоъ дода шуд, ки нақшаи воридоти андоз ба буҷети давлатии шаҳр (бе назардошти андози иҷтимоӣ) дар ҳафт моҳи соли равон 112,4 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 202 миллиону 14,8 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид, ки аз нақша 22,3 миллиону 810,8 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 107,9 фоиз иҷро гардида, 83 миллиону 483 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъ оварда шуд, ки аз нақша 6 миллиону 112 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Новобаста аз ин, дар давраи ҳисоботӣ иҷрои босифати нақшаи андоз пурра амалӣ нашуд ва дар натиҷаи иҷро нашудани нақшаи 5 намуди андоз 10 миллиону 527,1 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид нагардид.

Давоми ҳашт моҳи сипарии соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Панҷакент ба маблағи 1,6 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 425,3 миллион зиёд аст.

Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 385 миллиону 864 ҳазор сомонӣ расонида шуд. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 62 миллиону 549 ҳазор сомонӣ зиёд ва ё дар сатҳи 119,3 фоиз таъмин шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳри Панҷакент 16 ҳазору 172 тонна ғалла, 63 ҳазору 144 тонна картошка, 37 ҳазору 731 тонна сабзавот, 360 тонна полезӣ, 690 тонна меваҷот, аз ҷумла 116 тонна себ, 5 ҳазору 797 тонна ангур, 2 ҳазору 43 тонна гўшт, 14 ҳазору 833 тонна шир, 3 миллиону 394,5 ҳазор дона тухм, 70 тонна пашм, 24 тонна пилла, 11 тонна асал ва 5,5 тонна гўшти моҳӣ истеҳсол гардида, афзоиш аксарияти номгўи маҳсулот, ғайр аз ғаллагиҳо, полезӣ ва меваҷот аз 100,1 фоиз то 2,2 маротиба нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта таъмин шудааст.

Баробари ин, дар муқоиса нисбати ҳамин давраи соли 2018-ум истеҳсоли ғаллагиҳо 403 тонна, полезӣ 511 тонна ва меваҷот 841 тонна, аз он ҷумла себ 952 тонна кам шудааст.

Зимни таҳлили вазъи иҷрои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Панҷакент барои солҳои 2016-2020 иттилоъ дода шуд, ки давоми солҳои 2016-2018 ва нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз шумораи умумии лоиҳаҳо, ки 163 ададро ташкил медиҳад, 71 адад ба маблағи 75,5 миллион сомонӣ пурра иҷро гардида, дар доираи 34 лоиҳа ба маблағи 17,5 миллион сомонӣ корбарӣ идома дорад. Дар маҷмӯъ таъмини иҷрои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Панҷакент барои солҳои 2016 - 2020 ба ҳолати 1 июли соли 2019-ум ба 53 фоиз баробар шудааст ва корбарӣ дар самт беҳбудиро тақозо дорад.

Зикр карда шуд, дар ҳашт моҳи соли равон аз буҷети вилоят ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзӣ ва бартараф кардани оқибати офати табиӣ 570 ҳазор ва дар чор соли охир бошад, беш аз 1 миллиону 410 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст. Дар ҳамин давра барои сохтмон ва таҷдиду барқароркунии иншоотҳои гуногун дар шаҳри Панҷакент, аз ҷумла, барои сохтмони беморхонаи марказӣ, маҷмааи Лоиқ Шералӣ, барои соҳилмустаҳкамкунии дарёи Зарафшон, таҷдиди варзишгоҳи марказӣ, азнавбақарор-кунии меҳмонхонаи “Саразм”, сохтмони хонаҳои истиқоматӣ, бинои иловагӣ барои 240 хонанда бо толори варзишӣ ва ошхона дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49 дар деҳаи Нофин, ҳашт синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45, харидан ва дастрас намудани масолеҳи бинокорӣ ба аҳолӣ, сохтмони иншооти осорхонаи Саразм, дарвозаи Саразм ва амсоли ин аз ҳисоби буҷети вилоятӣ дар маҷмўъ, зиёда аз 24 миллиону 525 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.

Раиси вилоят бо таҳлили вазъи соҳаҳо ба раиси шаҳр Ислом Шафеиён ва сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳо, таъмини иҷрои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Панҷакент барои солҳои 2016 – 2020, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии рақобатпазир ва воридотивазкунанда, пурра ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои аз гардиш берунмонда ва азхудкунии заминҳои нав, бунёди сардхонаҳои замонавӣ ва бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани ҷашнҳои таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ дастуру супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh