БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ ОМОДА, АММО…

Маориф соҳаи афзалиятнок буда, ҳамеша мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Пешвои миллат наврасону ҷавононро ояндаи миллат шуморида, барои тарбияи насли наврас шароитҳои хуб фароҳам оварда, дастгирӣ мекунанд.

Баробари фаро расидани фасли тирамоҳ, пеш аз ҳама, диққати масъулин баҳри захираи маводи сӯхт дар муассисаҳои таълимиву томактабӣ нигаронида шуда, омодагӣ ба фасли сармо мавзӯи аввалиндараҷа маҳсуб меёбад. Бо мақсади огаҳӣ пайдо кардан аз вазъи омодагӣ ба фасли сармои имсола дар ноҳияи Мастчоҳ ба масъулин муроҷиат намудем, то иттилоъ ёбем, ки то имрӯз чӣ гуна чораҷӯиҳо роҳандозӣ гаштаанд ва то кадом андоза масъулини соҳаи маориф ба мавсими зимистон маводи сӯзишворӣ захира кардаанд.

Мудири шуъбаи маорифи ноҳия Нуриддин Боқиев гуфт, ки алҳол дар ноҳия 46 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 11 кӯдакистон фаъолият доранд.

- Дар масъалаи зимистонгузаронӣ дар мактабу боғчаҳои ноҳия муаммо вуҷуд надорад, зеро нақшаи шишабандӣ, захираи ҳезум, ангиштсанг ба пуррагӣ иҷро шудааст. Бобати таъминот бо ангишт соли равон бо кони ангишти «Фони Яғноб» ва ҶДММ «Барз» шартнома баста шуд. Бояд гуфт, ки дар маҷмӯъ 564 тонна ангишт талабот буд, вале бо назардошти бақияи соли сипаришуда 467 тонна харида шуд. Ҳамчунин, 230 метри кубӣ ҳезум дар нақша пешбинӣ гардида буд ва он низ ба пуррагӣ таъмин гардид. Дар муассисаҳои таълимӣ зиёда аз 500 печи бухорӣ мавҷуд аст ва ҳамаи он дар ҳолати коршоямӣ қарор доранд. Барои муассисаи таълимии навтаъсис, воқеъ дар маҳаллаи Навободи деҳаи Азизобод, ки аз ҷониби Раиси вилоят сохта, ба истифода дода шуда буд, як трансформатор харидем. Алҳол 6 мактаби ноҳия бо системаи ягонаи гармидиҳии мутамарказонидашуда муҷаҳҳазонида шудааст. Боғчаҳо низ тариқи печҳо гарм карда мешаванд ва онҳо низ омодаанд, - иброз дошт Нуриддин Боқиев.

Дар ноҳия гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст ва аллакай чанд маротиба аз вазъи кунунии омодагӣ ба зимистонгузаронӣ санҷиш гузаронидаанд.

- Бо боварии том метавон гуфт, ки муассисаҳои таълимӣ ба пуррагӣ ба зимистонгузаронӣ омода ҳастанд, - қайд кард Н.Боқиев.

Барои тасдиқи гуфтаҳои ӯ мо ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20, ки дар наздикии сарҳад ҷойгир аст, равон шудем.

Дар муассиса 28 синфхона мавҷуд буда, дар он 733 нафар хонанда бо таълиму тадрис фаро гирифта шудаанд. Вақте аз анборхонаи муассиса дидан намудем, дарёфтем, ки мактаб воқеан бо печ, ангишт ва ҳезум аз рӯи нақша ба пуррагӣ таъмин аст. Шишабандӣ низ дар сатҳи зарурӣ қарор дорад.

Директори мактаб Шарифҷон Абдуллоев зимни суҳбат аз он изҳори нигаронӣ кард, ки дар мактаб аз фанҳои физика, забони русӣ ва математика омӯзгорон намерасанд. Баробари ин дар масъалаи синфхона низ камбудии ҷиддӣ ба назар мерасад, зеро имрӯз дар мактаб мизу курсӣ ва синфхона намерасад. Ҳоло хонандагон дар се баст таҳсил карда истодаанд.

Мутаассифона, дар макони таълиму тарбия ҳолат беҳбудиро талаб мекунад, зеро дар мактаб бинобар кам будани шумораи синфхона ташкили кабинетҳои фаннӣ кам ба назар мерасад. Ҳамчунин, даромадгоҳ, саҳни мактаб ва мабразхонаҳо ба таъмири куллӣ эҳтиёҷ доранд.

Баробари огоҳ гардидан аз вазъи омодагии муассисаҳои таълимӣ ба зимистонгузаронӣ масъулон ва мудири шуъбаи маориф аз норасоиву камбудии соҳа ҳарф заданд.

- Муаммои асосӣ дар соҳаи маориф ин сари вақт аз курсҳои такмили ихтисос гузаронидани омӯзгорон, пурра бо китобҳои дарсӣ таъмин кардани хонандагон мебошад. Ҳарчанд китоб бошад ҳам, лекин ҳамасола бинобар зиёд шудани теъдоди хонандагон мо нарасидани китоби дарсиро эҳсос менамоем. Ҳоло муассисаҳои таълимии ноҳия ба зиёда аз 1500 - 2000 ҷойи нишаст аз ҷумла, 16 муассиса ба варзишгоҳи зимистона эҳтиёҷ доранд. Кадрҳои баландихтисоси соҳаи омӯзгорӣ нокифоя аст, - гуфт Нуриддин Боқиев.

Нарасидани мутахассисони фанҳои дақиқ, аз ҷумла физика, математика, биология ва информатика боиси нигаронист.

Маъмурахон САМАДОВА,
Шаҳбону ОЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh