Омӯзиш ва табадули таҷрибаи пешқадам

Дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ҷаласаи навбатии Шӯрои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт.

Дар оғоз навгониҳои илмиву техникӣ ва маҳсули касбу ҳунари устодону донишҷӯёни донишгоҳ мавриди таваҷҷуҳи ҳамагон қарор гирифт.

Дар кори Шӯро Сайфиддин Давлатзода - муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар иштирок доштанд.

Раиси Шӯро, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, академик Муҳаммадюсуф Имомзода доир ба мақсаду мароми  Шӯрои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки омӯзиш ва табодули таҷрибаи пешқадам мебошад, ибрози андеша намуда,дар самти густариши ҳамкориҳои мутақобилаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дар солҳои охир сухан кард.

Сипас, ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Ҳамидуллохон Фақеров "Оид ба вазъи фаъолияти Парки технологии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва натиҷаи татбиқи таҳқиқоти илмӣ тавассути он дар истеҳсолот", ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Абдулло Табарӣ доир ба мавзӯи “Чораҳои пешгирии ҳолатҳои даст задани омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба амалҳои коррупсионӣ ва тадбирҳои аз байн бурдани замина ва пайдоиши он дар байни омӯзгорону кормандон ва ба ин восита иҷро намудани талаботи “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” дар донишгоҳ”, ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Нуралӣ Шоҳиён дар масъалаи “Вазъи таъмини Донишгоҳи давлатии Данғара бо китобҳои дарсии умумикасбӣ ва тахассусӣ ва ба ин восита беҳтар намудани дастрасии донишҷӯёну омӯзгорон ба адабиёти зарурии ватанӣ ва маводи нашрии электронӣ”, директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Дилафрӯз Саидӣ доир ба “Фаъолият ва таҷрибаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд дар самти омода намудани экспертҳои байналмилалӣ аз ҳисоби омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ” маърӯза ироа доштанд.

Ҳамчунин, котиби масъули Шӯрои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиҷон Шоназаров оид ба “Таҳия ва тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар вохӯрӣ бо ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бахшида ба Рӯзи дониш – 1-уми сентябри соли 2019”, сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирҷон Сайдализода дар мавзӯи “Вазъи омода намудани кадрҳои илмӣ-омӯзгории дорои дараҷа ва унвонҳои илмӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузориш доданд.

Баъдан, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода доир ба масоили ҳолати харидории китобҳои дарсии тахассусӣ, ҷараёни татбиқи лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ”, баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” миёни хонандагону донишҷӯёни зинаҳои таҳсилот ва намояндагони касбу кори гуногун, ҳолати озмоишгоҳҳои фанҳои дақиқ, таҳияи лоиҳаи Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин донишҷӯи сол”, таълими фанҳои забони русӣ ва англисӣ аз ҷониби ихтисосмандони соҳавӣ сухан намуд.

Алишер Раҳмонӣ,

котиби матбуоти Маркази иттилоот 

ва таҳлили Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

 

Add comment


Security code
Refresh