Рӯзи байналмилалии саводнокӣ

Дар чорабинӣ меҳмонон аз барномаи лоиҳаи ЮСАИД “Ҳамроҳ бихонем”, ҳамзамон сардори раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Муҳайё Акмалхӯҷаева, китобдорони муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии вилоят, омӯзгорон ва хонандагон иштирок доштанд.

Нахуст, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода ҳозиринро бо  рӯзи байналмилалии саводнокӣ муборакбод намуда, қайд намуд, ки китоб дар ҳар давру замон қадру манзалати худро гум накардаасту намекунад. Мавсуф аз хонандагону омӯзгорон хоҳиш намуд, ки аз китобҳои тақдимгашта самаронак истифода бурда дониши худро васеътар намоянд.

Хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар васфи ватану ватандорӣ, сулҳу дӯстӣ, Тоҷикистон, қадри китоб шеъру таронаҳо қироат карда, саҳнача дар мавзӯи китоб намоиш дода шуд, ки писанди ҳамагон гардид.

Сипас, тибқи барнома - лоиҳаи Юсайд “Ҳамроҳ бихонем”, 84 номгӯи китоби бадеӣ ба 200 муассисаи таълимии шаҳру навоҳии вилоят тақдим шуданд.

Бояд қайд намуд,  ки лоиҳаи мазкур ҳамасола 75 фоизи  муассисаҳои таълимиро бо китобҳо таъмин менамояд.

Матлуба ҲАЙДАРОВА,
“Дурахшандагон”

Add comment


Security code
Refresh