ТАРҲРЕЗИИ ТАДБИРҲО – БАҲРИ РУШДИ СОҲА

Дар маҷлиси фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти нӯҳмоҳа Раиси вилоят бобати дар ҳолати садамавӣ қарор доштани 4 таълимгоҳ ва норасоии беш аз 1600 адад мизу курсӣ дар макотиби шаҳри Панҷакент изҳори нигаронӣ намуда, масъулони соҳаро вазифадор кард, ки ҷиҳати ҳалли ин масъала тадбирҳои мушаххас андешанд.

Дар ин раванд амалигардонии чӣ тадбирҳо тарҳрезӣ ва то имрӯз кадом корҳо ба сомон расонида шуданд? Бо ин суол мухбирамон ба сардори идораи маорифи шаҳр Махсатулло Шарифов муроҷиат намуд.

- Мактабҳои садамавӣ таълимгоҳҳои рақамҳои 45 ва 23- юми деҳаҳои Ғезани боло ва Ғезани поёни Ҷамоати деҳоти Моғиён, рақами 40 - и деҳаи Тагоби халқи Ҷамоати деҳоти Вору ва рақами 18 - и деҳаи Сари камари Ҷамоати деҳоти Хурмӣ мебошанд. Аз ин теъдод ҳоло дар макотиби 45 ва 23 аз ҳисоби маблағҳои сарикасии муассисаҳои таълимӣ ва кумитаи падару модарон корҳои сохтмонӣ барои 240 - нафарӣ талаба оғоз шудааст. Корҳо идома дошта, ин таълимгоҳҳо соли хониши оянда, яъне дар соли 2020 - ум мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.

Бунёди ду мактаби дигар - рақамҳои 40 ва 18 бошанд, дар марҳилаи дуюми амалигардонии лоиҳаи Хазинаи Арабистони Саудӣ назардошт шуда, алҳол марҳалаи якуми ин лоиҳа дар манотиқи кишвар амалӣ шуда истодааст. Бобати норасоии мизу курсӣ дар макотиб зикр кардан лозим аст, ки ин муаммо дар таълимгоҳҳои нав бунёдшуда ва синфхонаҳои иловагии сохта ба истифода додашуда ҷой доранд. То имрӯз аз ҳисоби маблағҳои сарикасии муассисаҳои таълимӣ ва кумитаи волидон 660 адад мизу курсӣ харида ва алҳол танқисӣ ба мизу курсӣ дар макотиб 940 ададро ташкил медиҳад. - Ин ҷо месазад, зикр кард, ки ҷиҳати рушду такомули соҳаи маорифи шаҳри Панҷакент, тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, бахусус Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода эътибори доимӣ зоҳир мекунанд.

Танҳо соли равон бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят якчанд таълимгоҳ бунёд ва ба истифода дода шуданд. Аз ҷумла, дар деҳаи Нофии Ҷамоати деҳоти Шинг мактаб барои 240 нафар муҳассил бо иштироки Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Феълан бошад, сохтмони мактаб барои 240 нафар талаба дар деҳаи Падруд давом дошта, моҳҳои аввали соли 2020-ум ба истифода дода мешавад. Дар деҳаи Ҳавзаки Ҷамоати деҳоти Саразм 8 синфхона барои 200 хонанда ва дар Ҷамоати деҳоти Косатарош 6 синфхонаи иловагӣ дар арафаи Рӯзи Конститутсия ба истифода дода шуд. Таъмини таҷҳизот, мизу курсӣ дар ин муассисаҳои таълимӣ аз ҳисоби мақомоти маҳаллӣ ва сокинон аст.

Ҳамчунин, соли равон дар заминаи мактаби №54 - и деҳаи Фароб, Ҷамоати деҳоти Фароб 6 синфхонаи иловагӣ ба истифода дода шуд. Дар деҳаи Ёрии Ҷамоати деҳоти Ёрӣ муассисаи томактабии хусусӣ барои 100 нафар тифл дарҳои худро боз кард. Бунёди 4 муассисаи таълимӣ бо маблағғузории мақомоти маҳаллӣ ва фардони саховатпеша алҳол идома дорад. Албатта, дар аксари деҳаҳо торафт афзун гаштани теъдоди муассисаҳои таълимӣ баҳри он мусоидат хоҳад кард, ки ягон наврас аз таҳсил берун намонад, ҳамчунин сатҳи донишандӯзӣ низ баланд бардошта шавад. Ҳамасола муҳассилини макотиби шаҳр дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи мамлакат ва вилоят ширкат намуда, соҳиби ҷойҳои намоён мегарданд.

Аз ҷумла, соли равон муҳассили мактаби рақами 11 - уми деҳаи Шинг, Ҷамоати деҳоти Шинг Афросиёб Раҷабов дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз забони русӣ соҳиби ҷойи аввал шуда, ба гирифтани медали тилло шарафёб гардид. Албатта, дар соҳаи маорифи шаҳр имрӯз низ муаммоҳо ҷой доранд. Аз ҷумла, мутахассисони соҳибихтисос, ки хонандагонро ба олимпиадаҳои байналмилалӣ аз фанҳои дақиқ омода кунанд, нокифояанд. Инчунин, норасоии ҷойҳои нишаст дар таълимгоҳҳо то ҳол эҳсос мешавад.

Дар ин самт зикр кардани дастгирии соҳибкорон, шахсони саховатпеша, ки дар ҳар бобат баҳри пешбурди соҳа мусоидат мекунанд, ҷоиз аст. Ин фардони боору нанг ва ватандӯсту ватанпарвар баҳри бунёди макотиб, беҳтар намудани вазъи таъминоти таълимгоҳҳо саҳми шоиста мегузоранд, ки амали басо нек аст.

Рафоат МӮЪМИНОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh