СӮЗИШВОРӢ БА ҚАДРИ КОФӢ ЗАХИРА ШУДААСТ, - мегӯяд сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Fафуров

Ба гуфти сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳия Насим Муродов, тибқи дастури Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо мақсади сари вақт таъмин намудани муассисаҳои таълимии ноҳия бо ангишти босифат бо Корхонаи воҳиди давлатии «Ангишти тоҷик» ба миқдори 776,4 тонна, бо КФ шахтаи «Фон - Яғноб» ба миқдори 1115,4 тонна, бо ҶДММ «Истиқлол - 7000» ба миқдори 100,2 тонна, ҳамчунин бо ҶСШК «Ангишт» - и Шӯроб шартнома бастаанд.

- То санаи якуми ноябри соли 2019 дар муассисаҳои таълимии ноҳия аз корхонаҳои номбурда 1992 тонна ва ё 100 фисад, ҳамчунин 950 мукаабметр (100 фисад) ҳезум захира шудааст. Пас аз гузаронидани санҷишҳои намояндагони шуъбаи маориф, прокуратура, хадамоти оташнишонӣ ва дигар идораву ташкилот метавон гуфт, ки ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия барои гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2019 - 2020 пурра омодаанд. Дар доираи омодагиҳо ба давраи тирамоҳу зимистон тамоми корҳои профилактикии пешгирии сӯхтор гузаронида шуда, ноқилҳои барқӣ ва ҳавзҳои зиддисӯхтор аз ташхис ва таъмири ҷорӣ бароварда шуд. Бобати оинабандӣ ва селофанпӯш кардани тирезаҳои биноҳои муассисаҳо ҳаминро бояд гуфт, ки дар муассисаҳои томактабӣ тирезаҳо селофанпӯш шуда, масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳамарӯза синфхонаҳоро ба давраи зимистонгузаронӣ омода карда истодаанд. Аз санаи 11 - уми ноябр хонандагон дар синфхонаҳои гарм таҳсили худро идома хоҳанд дод, - иброз дошт Насим Муродов.

Бояд гуфт, ки дар қаламрави ноҳия 131 муассисаи таълимии шакли моликияташон гуногун, аз ҷумла 88 муассисаи таҳсилоти ҳамагонӣ, 1 мактаб - интернат барои кӯдакони шунавоиашон суст, 35 муассисаи таълимии томактабӣ ва 7 Маркази таҳсилоти иловагӣ фаъолият доранд.

Айни ҳол дар 59 муассисаи таълимӣ 130 дег ва шабакаҳои хурди гармидиҳӣ насб шуда, тавассути онҳо 892 синф ва гуруҳхона гарм мешаванд. Инчунин, 1207 синфхона ва дигар биноҳои ёрирасон бо печҳои бухорӣ гарм карда шуда, ҳамзамон дар муассисаҳои таълимӣ 216 гармкунаки барқӣ омодаанд.

 Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh