Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни бунёди муассисаи таълимии навбунёд дар шаҳраки Ганҷободи ноҳияи Мастчоҳ

7 январи соли 2020 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Мастчоҳ сафар карда, рафти корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳияро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод ва дар маросими оғози бунёд ва ифтитоҳи як қатор иншоот иштирок намуд.

Раиси вилоят зимни сафар нахуст дар шаҳраки Ганҷободи Ҷамоати шаҳраки Суғдиён бо ҷараёни бунёди муассисаи таълимии навбунёд шинос гардид. Иттилоъ дода шуд, ки муассисаи нави таълимӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади беҳтарсозии шароити таълиму тарбияи хонандагон бунёд гардида, тибқи лоиҳа барои сохтмони иншоот 12 миллион сомонӣ маблағ масраф хоҳад шуд.

Бинои таълимӣ бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои 720 нафар хонанда дар ду баст сохта шуда, фармоишгар Идораи сохтмони асосии вилоят ва паймонкор ҶДММ «Сохтмон - 3»-и ноҳияи Мастчоҳ мебошад.

Тавре мушоҳида гардид, айни ҳол корҳои сохтмонӣ босуръат идома дошта, дар ошёнаи сеюми бинои муассиса корҳо ҷараён доранд. Ба корҳои сохтмонӣ беш аз 20 нафар сохтмончиён маҳаллӣ саҳм гузошта истодаанд.

Раҷаббой Аҳмадзода пас аз шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ ба масъулин дастур дод, ки барои дар сатҳи баланд ва дар муҳлати пешбинишуда ба истифода додани муассисаи таълимӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh